Остона, 03 сентябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Гардиши молҳои Қазоқистон бо кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 2025 ба 72,6 миллиард доллар дар муқоиса бо 67,7 миллиард соли пеш расид. Содирот 30,7 миллиард доллар, воридот 41,8 миллиард долларро ташкил дод.

Шарикони асосии тиҷоратии Қазоқистон дар СҲШ Чин – 34,2 миллиард доллар, Русия – 27,4 миллиард, Узбекистон – 4,8 миллиард ва Қирғизистон – 2,2 миллиард доллар боқӣ мемонанд.
Асоси содиротро уран, маъданҳои мис ва консентратҳо, нафт, мис, гази табиӣ ва гандум ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Динамикаи таъсирбахштарин дар хӯроки ҳайвонот қайд намуда шудааст: содирот 2,5 маротиба афзуда, ба 614,9 миллион доллар расидааст. Фурӯши равғани офтобпараст 62,4%, то 633,7 миллион доллар, гандум 17,1%, то 1,13 миллиард доллар афзоиш ефт. Содироти ҷав, орд ва тухми зағир низ афзоиш ёфт.
“Афзоиши таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ нишон медиҳад, ки молҳои қазоқистон дар бозорҳои кишварҳои СҲШ талабот доранд”, – қайд намуданл дар Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон.
Дар айни замон, Қазоқистон воридоти мошинҳо ва ҷузъҳо, гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, тилло ва техникаи ҳисоббарориро аз кишварҳои созмон идома медиҳад.
Афзоиши содироти маҳсулоти аграрӣ аз густариши имкониятҳои Қазоқистон дар бозорҳои СҲШ ва диверсификатсияи тадриҷии савдои хориҷӣ шаҳодат медиҳад.
Акс: аз ҷониби таҳририяти ЗС АИ Караван Инфо тавлид шудааст
