Қазоқистон содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Туркия афзоиш медиҳад – ИА Караван Инфо
Қазоқистон содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Туркия афзоиш медиҳад

Остона, 19 апрели соли 2026 АИ «Караван Инфо». Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки интиқоли маҳсулоти кишоварзиро ба бозори Туркия афзоиш диҳад. Дар ин бора Олжас Бектенов, Сарвазири Қазоқистон дар ҷаласаи 14-уми комиссияи байниҳукуматӣ хабар дод.

Вай қайд намуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ босуръат рушд мекунанд: дар соли 2025 гардиши мол дар комплекси агросаноатӣ беш аз 25 фоиз афзуда, ҳудуди 360 миллион долларро ташкил дод. Тачриба дар соҳаи технологияи хоҷагии қишлоқ ва суғуртаи хоҷагии қишлоқ фаъолона мубодила намуда мешавад.

«Дар давраи оянда диверсификатсияи муомилоти мол, васеъ намудани доираи содирот ва ба роҳмондани истеҳсолоти муштарак бо арзиши иловагии баланд муҳим аст. Мо ба содироти гандум, наск, хуроки чорво ва зироатҳои равғандор ба Туркия манфиатдорем», — кайд намуд Олжас Бектенов.

Сарвазир ҳамчунин пешниҳод намуд, ки кори муштарак ҷиҳати мутобиқ намудани маҳсулот ба стандартҳои байторӣ ва фитосанитарии Туркия пурзӯр намуда шавад

Аксҳо: Ҳукумати ҶҚ

error: