Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонии ҳарбӣ ва амнияти киберӣ баррасӣ намуданд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонии ҳарбӣ ва амнияти киберӣ баррасӣ намуданд

Остона, 10 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Ҳайати низомии Қазоқистон бо сарварии муовини вазири мудофиа оид ба рақамикунонӣ Дархон Аҳмадиев ба Вазорати мудофиаи Озарбойҷон ташриф овард. Қазоқистониён дар Хиёбони шаҳидон гул гузоштанд.

Мулоқот бо Муовини вазири мудофиаи Озарбойҷон Агил Гурбанов баргузор шуд. Ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ – техникӣ ва таълимӣ баррасӣ намуданд.

Ҳайат бо фаъолияти идораи Оперативии асосӣ, Идораи ҳамкории байналмилалии ҳарбӣ, идораи Асосии алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ шинос шуд. Ба Маркази амнияти киберии Вазорати Мудофиаи Озарбойҷон – таъмини амнияти киберии системаҳои силоҳ ва муқовимат ба таҳдидҳои киберӣ дар асоси ЗС диққати махсус дода шуд.

Сурат: ВМ ҶҚ

error: