Қазоқистон ва Таиланд ният доранд ҳамкориро дар тиҷорат ва сайёҳӣ густариш диҳанд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Таиланд ният доранд ҳамкориро дар тиҷорат ва сайёҳӣ густариш диҳанд

Остона, 20 июли соли 2026-АИ Караван Инфо. Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар доираи сафари корӣ ба Шанхай бо Сарвазири Таиланд Анутин Чарнвиракул мулоқот намуд. Сарвари давлат қайд кард, ки Қазоқистон Таиландро ҳамчун яке аз шарикони калидӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мешуморад.

“Мо потенсиали назаррасро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи савдо ва таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ мебинем”, — таъкид намуд Президент.

Дар чор моҳи аввали соли 2026 гардиши мол байни кишварҳо 76 фоиз афзуда, аз 110 миллион доллар зиёд шуд. Ҷонибҳо инчунин рушди ҳамкориҳои байни ҳукуматҳоро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат баррасӣ намуданд.

Ба сайёҳӣдиққати махсус дода шуд. Соли 2025 беш аз 150 ҳазор қазоқистонӣ ба Таиланд ташриф оварданд, Дар ҳоле, ки Қазоқистон низ ба ҷалби сайёҳон аз ин кишвар манфиатдор аст.

“Таиланд ба таҳкими ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар соҳаҳои иқтисод, савдо, рақамисозӣ ва сайёҳӣ манфиатдор аст”, — изҳор дошт Анутин Чарнвиракул.

Дар натиҷаи мулоқот Қасим-Жомарт Токаев сарвазири Таиландро даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Қазоқистон ташриф орад.

Аксҳо: Акорда