Қазоқистон ва Уммон ҳамкориҳои молиявиро баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Уммон ҳамкориҳои молиявиро баррасӣ намуданд

Остона, 29 сентябри соли 2026 АИ Караван Инфо. Ноиби вазири молияи Қазоқистон Даурен Кенбеил бо сафири Султони Умон дар Қазоқистон Салоҳ Ҷабуб мулоқоти корӣ баргузор намуд. Кенбеил сафирро бо таъин шуданаш табрик гуфт ва қайд намуд, ки Қазоқистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо Умон аҳамияти калон медиҳад.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, сухан дар бораи имзои тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Қазоқистон ва Умон ва вуруди Султони Умон ба бонки Рушди Авруосиё мерафт. Ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкории минбаъдаи созанда тасдиқ намуда, ба татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба густариши ҳамкориҳои молиявию иқтисодӣ равона шудаанд, изҳори манфиатдорӣ карданд.

Аксҳо: Вазорати Молияи ҶҚ