Душанбе, 19 август, – АИ «Корвон Иттилоот». 18 август, бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Ин рӯз на танҳо ҷашни касбии кормандони соҳаи тиб, балки рамзи арҷгузорӣ ба мероси бузурги илмӣ ва ахлоқии миллати тоҷик гардид.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ходими давлативу ҷамъиятӣ Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода, Зулфия Абдусаматзода, Ҳабибулло Хайруллозода, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҳаётзода Нурхон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарони сохторҳои зертобеи вазорат ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ матни табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ба самъи ҳозирин расонид.

Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода кулли кормандони соҳаи тандурустии мамлакатро самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору муваффақият, саломатӣ ва неруи тоза таманно намуд. Ӯ таъкид кард, ки Рӯзи касбии табибон ва зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино аз лиҳози маънавӣ бо ҳам пайванди амиқ доранд.
Агар Рӯзи касбӣ ба заҳмати фидокоронаи кормандони соҳа, ки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии мардум масъуланд, иртибот дошта бошад, номи Абуалӣ ибни Сино рамзи яке аз бузургтарин дастовардҳои илмию фарҳангии миллати тоҷик дар таърихи ҷаҳони тиб аст.
Абуалӣ ибни Сино тибро на танҳо ҳамчун ҳунари табобат, балки ҳамчун илми мушоҳида, андеша, дониш ва масъулият дар назди инсон дарк намуда буд. Маҳз ҳамин мероси бузурги илмӣ ва ахлоқӣ аст, ки баъд аз ҳазор сол низ номи ӯ дар ҷаҳони тиб бо эҳтироми хос ёд мешавад.
Дар шароити муосир рушди босуръати илм ва технология ба соҳаи тандурустӣ имкониятҳои нав фароҳам овардааст. Усулҳои ташхису табобат такмил ёфта, технологияҳои муосир ба фаъолияти табибон ворид мегарданд. Табиби асри XXI бояд пайваста дониш ва малакаи касбии худро такмил дода, таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро омӯзад.
Дар баробари ин, инсондӯстӣ ҳамчун муҳимтарин арзиши касби табибӣ боқӣ мемонад. Дастгоҳҳои муосир метавонанд кумак расонанд, аммо муносибати самимӣ, сухани нек, ҳамдардӣ ва эҳсоси масъулияти табиб дар назди бемор ҷойгоҳи махсус дорад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Табиб бояд дасту дили пок ва нияти неку беғараз дошта бошад».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии давлат соҳаи тандурустӣ марҳилаҳои муҳими рушдро тай намуд. Таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат ва таҳкими заминаи моддию техникӣ аз самтҳои асосӣ гардиданд.

Имрӯз вазифаи кормандон идомаи ин раванд ва ба марҳилаи сифатан нав ворид намудани хизматрасонии тиббӣ аст. Пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, истифодаи тибби далелнок ва технологияҳои муосир, таҳлили сабабҳои бемориҳо аз самтҳои муҳим боқӣ мемонанд.
Саломатии инсон танҳо дар муассисаи тиббӣ ҳифз намешавад. Он пеш аз ҳама дар оила, муҳити зист, мактаб, ҷойи кор ва тарзи зиндагии ҳар як шахс ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим бояд ба самти муҳими фаъолияти соҳа табдил ёбад. Кормандони тиб бояд дар баробари табобат ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Номи Абуалӣ ибни Сино барои табибони тоҷик танҳо мояи ифтихор нест, балки масъулияти бузурги таърихӣ низ аст. Ворис будан ба мактаби бузурги илмии ӯ маънои идомаи роҳи пуршараф ва рушди илми тибро дар шароити муосир дорад.

Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ бо ёдоварӣ аз Паёми Президент таъкид кард, ки интихоби зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун ҷашни касбӣ нишонаи возеҳи арҷгузории Ҳукумат ба заҳмати содиқонаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат аст. Имсол ин рӯз дар айёме таҷлил мегардад, ки мардуми Тоҷикистон ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва ходими давлативу ҷамъиятӣ Хайринисо Юсуфӣ низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, аз дастгирии давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуданд.
Барои фаъолияти пурсамар, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳа тибқи фармоиши вазорат як қатор кормандон ва фаъолон бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи вазорат сарфароз гардонида шуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи хизматҳои шабонарӯзии табибон намоиш дода шуд. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Аз нуқтаи назари таҳлилӣ ҷашни Рӯзи касбии табибон дар пайванд бо зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино рамзи пайвастагии мероси классикӣ ва рушди муосири соҳаи тандурустӣ аст. Дар даврони истиқлол соҳа марҳилаҳои муҳимро тай намуда, имрӯз вазифаи гузаштан ба сифати нав ва ташаккули фарҳанги саломатӣ дар ҷомеаро дар пеш дорад. Чунин чорабиниҳо нақши табибонро ҳамчун ҳифзкунандагони ҳаёт ва саломатии миллат бори дигар таъкид мекунанд.
Акс: хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
