Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 14 сентябр дар ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «Корея — Осиёи Марказӣ C5+1», ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид, иштирок намуд. Ин чорабинӣ ҷаласаи нахустини механизми нави машваратӣ буда, ба густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ равона гардидааст.

Ҷумҳурии Корея ва панҷ давлати Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон — ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ташаккули занҷирҳои устувори таъминот ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намуданд. Аз ҷумла, рушди гардиши савдо, бунёди паркҳои саноатӣ ва рушди инфрасохтори муосир; густариши ҳамкорӣ дар самти маъданҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла литий ва унсурҳои нодири заминӣ; ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, рақамикунонии истеҳсолот ва омодасозии мутахассисони ҷавони техникӣ.

Иштирокчиён изҳори омодагӣ карданд, ки иқтидори захиравии кишварҳои Осиёи Марказиро бо технологияҳои муосир ва таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли мавод ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ҳамоҳанг созанд.
Интизор меравад, ки қолаби нави «C5+1» ба минбари доимӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва рушди робитаҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Акс: Хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
