Душанбе, 02 июн 2026г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон татбиқи «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» омода мегардад, ки қарор аст дар панҷсолаи оянда ба яке аз санадҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлатӣ табдил ёбад. Лоиҳаи барнома 28 май дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки муҳокимаи ин санад дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор шуд, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мегардад. Ба андешаи мутахассисон, қабули барномаи нав қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои рушду камолоти ҳамаҷонибаи насли наврас хоҳад гардид.
Ҳадафҳои асосии барнома такмили сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, инчунин беҳтар намудани шароити нигоҳубин, таълим ва тарбияи онҳо муайян шудаанд.
Дар солҳои охир Тоҷикистон низоми миллии ҳифзи кӯдаконро пайваста такмил дода, дар ин самт ҳам ба қонунгузории миллӣ ва ҳам ба уҳдадориҳои байналмилалии худ такя мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори санадҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак буда, барои аз байн бурдани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон, таъмини ҳуқуқ ба таҳсил ва фароҳам сохтани муҳити амну мусоид барои рушди онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.
Заминаи ҳуқуқии ин сиёсатро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ва як қатор конвенсияҳои Созмони байналмилалии меҳнат ташкил медиҳанд, ки ба ҳифзи ноболиғон аз истисмор ва шароити хатарноки меҳнат равона шудаанд.
Давлат ба масъалаҳои тарбияи оилавӣ ва пешгирии зӯроварӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» барои таҳкими ниҳоди оила ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон заминаи ҳуқуқии муҳим фароҳам овардаанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушди таҳсилоти томактабӣ мебошад. Мутахассисон маҳз ин зинаи таҳсилро пояи асосии ташаккули қобилиятҳои зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва шахсии кӯдак медонанд. Аз ҳамин лиҳоз, густариши шабакаи муассисаҳои томактабӣ ба қатори вазифаҳои муҳими миллӣ шомил гардидааст.
Дар ин замина дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 садо дод, аҳамияти махсус дорад. Сарвари давлат вазифа гузоштанд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва зиёда аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ба 50 фоиз расонида шавад.
Айни замон дар кишвар татбиқи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020–2025 ба анҷом расида истодааст ва ҳамзамон лоиҳаи нави он барои солҳои 2026–2030 таҳия мегардад.
Қадами муҳими дигар дар роҳи таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин сохтор соли 2016 бо ташаббуси Президенти мамлакат таъсис ёфта, дар тӯли даҳ соли фаъолият ба яке аз унсурҳои муҳими назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон табдил ёфтааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки қабули барномаи нав идомаи сиёсати дарозмуддати давлат дар самти рушди сармояи инсонӣ мебошад. Дар шароите, ки Тоҷикистон кишвари дорои аҳолии ҷавон ба ҳисоб меравад, сармоягузорӣ ба таҳсилот, тандурустӣ, тарбия ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи давлат, рушди устувори ҷомеа ва рақобатпазирии миллӣ арзёбӣ мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
