Душанбе, 29 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дастгирии худро аз лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон васеъ мекунад.

Бонк барои таҷдиди роҳи Балҷувон — Сари Хосор дар вилояти Хатлон ва анҷом додани лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корез дар шаҳри Кӯлоб қарзҳои давлатӣ ба маблағи умумии то 55,4 миллион евро ҷудо менамояд. Илова бар ин, барои татбиқи лоиҳаҳо грантҳо ба маблағи то 7,6 миллион евро пешбинӣ шудаанд.
Роҳи Балҷувон — Сари Хосор: таъмини рафтуомади тамоми сол
Барои таҷдиди қитъаи 56-километраи роҳи Балҷувон — Сари Хосор аз ҷониби БАТР қарзи давлатӣ ба маблағи то 49,2 миллион евро пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳа бояд рафтуомади нақлиётро дар тамоми фаслҳои сол байни 19 маҳалли аҳолинишин, ки тақрибан 6 ҳазор нафар сокин доранд, таъмин намояд. Дар айни замон, бинобар обхезиҳои мавсимӣ, роҳ дар фаслҳои зимистон ва баҳор душворгузар ё тамоман гузарнопазир мегардад. Ин ҳолат ҳаракати сокинон, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва интиқоли молу маҳсулотро мушкил намуда, ба фаъолияти иқтисодии маҳаллӣ монеа эҷод мекунад
Дар баробари навсозии инфрасохтори роҳ, лоиҳа тадбирҳои баланд бардоштани устувории экосистемаҳоро ба таъсири омилҳои табиӣ низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, истифодаи усулҳои табиатмеҳвар, аз ҷумла биоинженерия барои мустаҳкам кардани нишебиҳо ва муҳофизати соҳилҳои дарёҳо, пешбинӣ шудааст.

Барои татбиқи лоиҳаи роҳ БАТР ҳамчунин то 4,2 миллион евро маблағҳои грантӣ ҷудо мекунад. Ин маблағҳо барои дастгирии иҷрои лоиҳа ва пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, равона мешаванд.
Кӯлоб: навсозии низомҳои обтаъминкунӣ ва корез
Қисми дуюми маблағгузорӣ ҷудо намудани қарзи иловагии давлатӣ ба маблағи то 6,2 миллион евроро барои анҷом додани лоиҳаи бузурги обтаъминкунӣ ва корез дар шаҳри Кӯлоб дар бар мегирад. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа дастрасии беш аз 100 ҳазор нафарро ба оби тозаи нӯшокӣ ба таври мунтазам таъмин намуда, ҳар сол имкон медиҳад, ки миллионҳо метри мукааб об сарфа карда шавад.
Маблағҳо барои навсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва корез, қубурҳои асосии обгузар, иншооти обгирӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешаванд. Ҳамчунин, таҷдиди пойгоҳи шаҳрии тозакунии обҳои партов ва шабакаи марбута, харид ва насби ҳисобкунакҳои об пешбинӣ шудааст.
Барои дастгирии татбиқи лоиҳа БАТР то 3,4 миллион евро грант ҷудо мекунад. Маблағгузории нав қарзҳо ва грантҳои қаблан аз ҷониби БАТР ва Иттиҳоди Аврупо ҷудошударо, ки ҳаҷми умумии онҳо 16,5 миллион евроро ташкил медиҳад, пурра менамояд.
Ҳамин тариқ, барои ду лоиҳа қарзҳои давлатӣ ба маблағи то 55,4 миллион евро ва илова бар ин, грантҳо ба маблағи то 7,6 миллион евро пешбинӣ шудаанд. Қарз ва грант воситаҳои алоҳидаи маблағгузорӣ мебошанд.

Марҳилаи нави ҳамкорӣ то соли 2030
Тавре БАТР хабар медиҳад, лоиҳаи роҳ ва маблағгузории иловагии обтаъминкунии Кӯлоб аввалин лоиҳаҳое мебошанд, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми ба наздикӣ байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонк баимзорасида тасдиқ шудаанд.
Ин санад чорчӯбаи ҳамкориро то соли 2030 муайян намуда, барномаи сармоягузории БАТР дар Тоҷикистонро бо ислоҳоти сиёсати давлатӣ, омодасозии лоиҳаҳо ва ҳамкориҳои техникӣ алоқаманд месозад.
Дар доираи ин шарикӣ, бахшҳои инфрасохтор ва энергетикаи Тоҷикистон метавонанд дар панҷ соли оянда то 750 миллион евро сармоягузории БАТР-ро ҷалб намоянд.
Маблағгузории роҳи Балҷувон — Сари Хосор ва навсозии инфрасохтори коммуналии Кӯлоб ба ҳалли масъалаҳои амалӣ — беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ ба маҳалҳои аҳолинишин, баланд бардоштани эътимоднокии обтаъминкунӣ ва кам кардани талафоти об — равона шудааст. Дар доираи васеътар, ин лоиҳаҳо имкониятҳои ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР-ро дар соҳаи инфрасохтори устувор тақвият медиҳанд.
Акс: Бонки аврупоии таҷдид ва рушд БАТР.
