Остона, 17 апрели соли 2026 – АИ «Караван Инфо». Аз санаи 13-уми апрели соли 2026 дар Қазоқистон тартиби гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони корӣ комилан тағйир ёфт. Ҳоло ин хидмат танҳо дар формати онлайн тавассути портали eGov.kz — дастрас аст, дигар ба марказҳои хизматрасонии техникӣ муроҷиат намудан мумкин нест.

Навоварӣ равандро содда намуд: баъзе ҳуҷҷатҳоро дигар дастӣ бор намудан лозим нест. Шаҳодатномаҳои тиббӣ, маълумоти суғурта ва андоз ба таври худкор аз системаҳои давлатӣ гирифта мешаванд, ки ин вақти коркардро кам мекунад ва хатари хатогиҳоро коҳиш медиҳад.
«Аз 13 апрел дархостҳо танҳо тавассути eGov.kz или migration.enbek.kz, онлайн пешниҳод намуда мешаванд, ки дастрасии шабонарӯзиро ба хидмати» таъмин мекунад, — қайд намуд муовини аввали вазир Ростислав Коняшкин.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар хонавода кор мекунанд, метавонанд иҷозатномаро ба қайд гиранд ё тамдид кунанд. Қарорро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пас аз мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ қабул мекунанд.
Иҷозатнома ба мўҳлати аз як то дувоздаҳ моҳ дар доираи квотаи муқарраршуда дода мешавад. Гузариш ба интернет натиҷаи кори муштараки чанд шӯъбаи давлатӣ буда, ба баланд бардоштани дастрасӣ ва шаффофияти хадамоти давлатӣ нигаронида шудааст.
Акс: Tengrinews.kz
