Душанбе, 25 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон 24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба татбиқи марҳилаи дуюми ду лоиҳаи муҳими истеҳсолӣ оғоз бахшид: бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» ва фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти саноатии «Муосир».

Ин иқдомҳо дар маҷмӯъ самти афзалиятноки сиёсати давлатиро — саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими занҷираи арзиши иловашуда — боз ҳам возеҳтар нишон медиҳанд.
Дар деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Сафобахш Сарвари давлат санги асоси сохтмони марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ»-ро гузошт. Тавре иттилоъ дода шуд, ин ташаббус ба рушди чорводории зотӣ, истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсоли гӯшти паранда равона шудааст. Татбиқи марҳилаи дуюм бо бунёди як қатор иншоот то моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом расонда шуда, баъдан мавриди истифода қарор мегирад.
Марҳилаи нав дар се самт амалӣ мешавад ва иншоот дар панҷ қитъаи ноҳияи Данғара ҷойгир карда мешаванд. Масоҳати умумии заминҳое, ки барои сохтмони иншоот ҷудо шудааст, беш аз 36 гектарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, бунёди 23 фермаи иловагии парандапарварӣ бо биноҳои маъмурӣ ва санитарӣ, анборҳо, роҳравҳо ва таваққуфгоҳҳо барои техника пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин кашидани хатти интиқоли неруи барқ ба масофаи зиёда аз 10 километр дар назар аст.
Тибқи лоиҳа, дар иншооти нав таҷҳизоти муосири ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ насб мешавад ва хатҳои хӯрокдиҳӣ, обрасонӣ, рӯшноӣ, гармидиҳӣ ва тозакунии ҳаво дар асоси технологияҳои рақамии автоматишуда роҳандозӣ мегарданд. Ин равиш ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, кам кардани талафот ва мутобиқ намудани маҷмаа ба меъёрҳои муосири саноати парандапарварӣ нигаронида шудааст.
Дар идомаи сафар Сарвари давлат дар деҳаи Гиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинг марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир»-ро ба истифода дод. Ин корхонаи саноатӣ ҳоло се намуди маҳсулот истеҳсол мекунад, ки барои убури нақбҳо, истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ, сохтмони роҳҳо ва пармакунии чоҳҳои амудӣ истифода мешаванд. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр дар берун аз ҳудуди корхона чор анбор бунёд гардидааст, ки дар ҳар яки онҳо шароити мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ин корхона беш аз 150 корманд ба таври доимӣ фаъолият мекунанд ва 80 фоизи онҳо мутахассисону коргарони маҳаллӣ мебошанд. Барои боло бурдани сатҳи тахассуси кормандон дар корхона синфи омӯзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият мекунад, ки дар он мутахассисон бо ҷалби коршиносони баландихтисос курсҳои омӯзишӣ мегузаранд. Ин ҷиҳат нишон медиҳад, ки лоиҳа на танҳо як иқдоми истеҳсолӣ, балки як платформаи воқеии омодасозии кадрҳо низ мебошад.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти истеҳсолии корхона пурра тавассути технологияҳои муосир идора шуда, раванди истеҳсолот аз маркази рақамии идоракунӣ бо истифода аз мониторҳои насбшуда назорат мегардад. Иқтидори истеҳсолии корхона 20 ҳазор тонна маҳсулоти ниҳоӣ дар як сол арзёбӣ шудааст. Ашёи хом ба корхона ҳам аз дохили кишвар ва ҳам аз хориҷ ворид мешавад.
Роҳбарияти корхона зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ дод, ки дар доираи истифодаи минбаъдаи имкониятҳо ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ ин корхона метавонад дар таҳкими иқтидори саноатии ноҳия ва тавсеаи ҳамгироии истеҳсолот дар минтақа нақши бештар бозад. Ҳамзамон, бо сабзкорӣ ва ободонии гирду атрофи иншоот муҳити он ба талаботи муосир мутобиқ гардонда шудааст.
Ба ин тартиб, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Данғара боз як бор нишон дод, ки ноҳия дар харитаи рушди иқтисодии кишвар тадриҷан ба майдони ҳамгироии саноат, кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳо табдил меёбад. Лоиҳаҳои «Мармарӣ» ва «Муосир» танҳо ду корхона нестанд — онҳо нишонаи гузариш ба модели нави рушди минтақаҳоанд, ки дар он истеҳсолот, технология ва захираҳои инсонӣ ба ҳам пайваста, заминаи тавсеаи иқтисоди миллӣ мегарданд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
