Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов»-и шаҳри Ҳисор бори аввал техникаи пахтачинак ба кор дароварда шуд - ИА Караван Инфо
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов»-и шаҳри Ҳисор бори аввал техникаи пахтачинак ба кор дароварда шуд

Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов»-и шаҳри Ҳисор 29 сентябр бори аввал техникаи пахтачинак ба истифода дода шуд. Ин рӯйдод қадами муҳим дар навсозии соҳаи пахтакорӣ дар минтақа ва баланд бардоштани самаранокии ҷамъоварии ҳосил гардид.

Қабл аз он ки техникаи нав ба заминҳои пур аз «тиллои сафед» ворид гардад, Раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор дар деҳаи Муминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ суҳбати озод анҷом дод.

Таъкид гардид, ки ворид гардидани ин навъи техникаи муосири пахтачинак ба шаҳри Ҳисор, бахусус ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов», дар самти баланд бардоштани самаранокии меҳнат, суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба мутахассисоне, ки ҷиҳати омӯзонидани нозукиҳои истифодаи техникаи мазкур ба шаҳри Ҳисор омадаанд, тавсия дода шуд, ки бо механизаторони шаҳр, ки дорои таҷрибаи бойи корӣ мебошанд, ҳамкории самарабахш ба роҳ монда, тарзи дуруст ва самараноки истифодаи техникаи пахтачинакро ба онҳо омӯзонанд.

Пас аз анҷоми суҳбат механизаторон бо техникаи нави пахтачинак вориди заминҳои пур аз «тиллои сафед» гардида, ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ намуданд.

Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов» имсол дар майдони 125 гектар се навъи пахта — «Т-72», «СВТ» ва «Султон»-ро кишт намуда, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Масъулони хоҷагӣ иброз доштанд, ки имсол нисбат ба солҳои қаблӣ сифати ҳосили пахта хеле хуб буда, нашъунамои он ба талаботи агротехникӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҷорӣ намудани ҷамъоварии механикии пахта дар Ҳисор тамоюли умумии навсозии бахши аграрии Тоҷикистонро инъикос мекунад.

Гузариш аз меҳнати дастӣ ба технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки на танҳо ҷамъоварӣ суръат бахшида шавад, балки талафоти ҳосил кам карда, хароҷот оптимизатсия гардида ва даромаднокии пахтакорӣ — яке аз соҳаҳои анъанавии кишоварзии кишвар — баланд бардошта шавад. Таҷрибаи ҶДММ «Латиф Муродов» метавонад барои дигар хоҷагиҳои минтақа намуна гардад.

АКС: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов»-и шаҳри Ҳисор