Дар Боку масъалаи ҳифз ва тарғиби фарҳангу мероси туркӣ баррасӣ шуд – ИА Караван Инфо
Дар Боку масъалаи ҳифз ва тарғиби фарҳангу мероси туркӣ баррасӣ шуд

Остона, 6 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». . Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алибек Бақоев аз қароргоҳи бунёди фарҳанг ва мероси туркӣ дар Боку дидан намуда, бо президенти Бунёди мазкур Актота Раимқулова мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо фаъолияти кунунии Фонд, татбиқи лоиҳаҳои ояндадор, масъалаҳои ҳифз, омӯзиш ва тарғиби фарҳангу мероси туркиро баррасӣ намуданд. Ба имкониятҳои ташкили чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии фарҳанги туркӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда шуд.

Мо масъалаи таҳкими минбаъдаи институтсионалии Фонд ва таҳияи равиши ҳамаҷонибаи банақшагирии фаъолияти онро барои давраи миёнамӯҳлат ва дарозмуддат баррасӣ кардем.

Бунёди фарҳанг ва мероси туркӣ санаи  23 августи соли 2012 таъсис ёфтааст. Ҳадафҳои асосии – ҳифз, омӯхтан ва тарғиби фарҳанг ва мероси туркӣ тавассути дастгирии чорабиниҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳо мебошанд

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ

error: