Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум — 5G баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум — 5G баргузор гардид

Душанбе, 27 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 26 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум — 5G баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади баррасии дурнамо ва самтҳои афзалиятноки рушди шабакаҳои 5G, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи телекоммуникатсия доир шуд.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум дар доираи иҷрои муқаррароти «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баргузор гардид. Он намояндагони мақомоти давлатӣ, операторони телекоммуникатсионӣ, ширкатҳои технологӣ ва шарикони байналмилалиро ба ҳам овард.

Ҳадафи асосии форум баррасии нақшаҳо ва афзалиятҳои миллии Тоҷикистон дар самти рушди шабакаҳои алоқаи мобилии насли панҷум, такмили соҳаи телекоммуникатсия ва таҳияи стратегияи миллӣ дар ин самт буд.

Иштирокчиён масъалаҳои истифодаи самараноки спектри басомадҳо, иқтисодиёти алоқаи мобилӣ ва рушди хизматрасониҳои 5G-ро баррасӣ намуда, доир ба имкониятҳои татбиқи амалии технологияҳои нав мубодилаи таҷриба карданд.

Ҳамзамон дар форум истифодаи технологияҳои муосир дар доираи ташаббуси «Шаҳри ҳушманди Душанбе», зеҳни сунъӣ (AI), Интернети ашё (IoT), дастрасии бесими собит (FWA) ва татбиқи шабакаҳои 5G мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, операторони мобилии ватанӣ, таъминкунандагони технология ва шарикони байналмилалӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими чорабинӣ буд. Дар доираи форум ёддошти тафоҳум вобаста ба U6G ба имзо расид.

Баргузории чунин форум нишон дод, ки Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори рақамии насли нав аҳамияти стратегӣ медиҳад. Ҷорӣ намудани 5G на танҳо суръати интернет ва сифати хизматрасониҳои алоқаро баланд мебардорад, балки замина барои рушди «шаҳри ҳушманд», зеҳни сунъӣ, Интернети ашё ва дигар технологияҳои пешрафта фароҳам меорад. Ҳамкории мақомоти давлатӣ, операторон ва шарикони байналмилалӣ имкон медиҳад, ки равишҳои миллии рушди 5G бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг карда шаванд ва стратегияи дарозмуддати соҳаи алоқа то соли 2040 амалӣ гардад.

Акс: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон