Дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад - ИА Караван Инфо
Дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Душанбе, 29 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.

Форум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷараён мегирад.

Дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокдорон рушди муколамаи байнипарламентӣ, таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва густариши ҳамкориҳои кишварҳои минтақа қарор доранд. Форум барои баррасии масъалаҳои умумӣ, табодули афкор ва ташаккули равишҳои муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ замина фароҳам меорад.

Акс: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ