Душанбе, 16 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 15 сентябр дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конференсияи миллӣ таҳти унвони «Ҷалби диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» баргузор гардид.

Бо иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, диаспораҳои тоҷикон, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон, олимон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои таҳкими ҳамкории давлат бо диаспораҳо, ҷалби сармоя ва технология, истифодаи иқтидори касбӣ ва зеҳнии ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ баррасӣ шуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони 106 диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, ИМА, Туркия, Нидерланд, Белгия, Австрия ва Италия иштирок карданд.
Дар натиҷаи конференсия таҳияи тавсияҳои мушаххас ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди кишвар дар назар аст.

Муҳокимаи механизмҳои ҳамкории системавӣ бо диаспора нақши афзояндаи ҳамватанони бурунмарзиро дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон инъикос менамояд.
Истифодаи таҷрибаи касбӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва робитаҳои онҳо ба васеъ шудани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои амалӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод мусоидат мекунад.

Акс: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
