Дар Хонаи дӯстии Остона таҳкими ваҳдат ва ризоияти ҷамъиятӣ баррасӣ шуд
Остона, 25 ноябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар Хонаи дӯстии пойтахт конфронси ҷумҳуриявии “Ваҳдат ва ризоият дар давраи нави рушди Қазоқистон“ баргузор шуд.

Ташкилкунандагон гурӯҳи ҷамъиятии “Бирлик” (Ваҳдат) дар назди Қазақстан Халиқ Кенеси (шӯрои Халқии Қазоқистон) ва Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои этнофарҳангии русҳо, славянҳо ва казакҳо буданд.
Иштирокчиён вазифаҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати умумимиллӣ, рушди ахлоқи ҷамъиятӣ ва саҳми иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ дар маъмулгардонии забони давлатӣ ва ҳифзи гуногунии фарҳангиро баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи конфронс қарор аст, ки қатъномае бо пешниҳодҳо оид ба рушди ҳамкории ҷамъиятӣ ва таҳкими ризоият дар кишвар омода карда шавад.
Аксҳо: АИ Караван Инфо / Хонаи дӯстии Остона
