Дар Хуҷанд Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ – «Меъмор-2026» баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Дар Хуҷанд Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ – «Меъмор-2026» баргузор гардид

Душанбе, 08 август, – АИ «Корвон Иттилоот».  07 август  дар Маҷмааи варзишии «Суғд Арена»-и шаҳри Хуҷанд Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳти унвони «Меъмор-2026» бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, мутахассисони соҳа, меъморон, лоиҳакашон ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуда, дар он беш аз 300 нафар иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш-озмун Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат садҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуданд. Тибқи нақшаи пешбинишуда сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд.

Бо заҳмати аҳлонаи сокинон, саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатманд, инчунин дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат, ин нишондиҳанда пеш аз муҳлат иҷро гардид. Дар солҳои 2022-2025 ва шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 14 ҳазору 355 иншоот ба анҷом расонида шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар беш аз 3000 иншооти дигар идома доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамзамон собиқадорон ва кормандони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозиро ба муносибати иди касбии меъморон, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август таҷлил мегардад, табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳо орзу кард.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода зимни суханронӣ рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмонро самараи истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки меъморӣ танҳо санъати бунёди иншоот набуда, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии ҳар як миллат мебошад.

Дар доираи намоиш-озмун 140 лоиҳа аз рӯи номинатсияҳои «Биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна», «Иншоотҳои иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ» ва «Асари меъмории донишҷӯён» пешниҳод гардид. Ҳамзамон, зиёда аз 453 лоиҳаи беҳтарин ва макетҳои бинову иншооти таъиноти гуногун ба намоиш гузошта шуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ иброз доштанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди санъати меъмориву шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, меъморони тоҷик бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва унсурҳои меъмории миллӣ дар бунёди иншооти замонавӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Барои саҳми назаррас дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Ифтихорнома ва нишони соҳавӣ супорида шуд.

Ғолибони номинатсияҳои Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ – «Меъмор-2026» бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин як қатор ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва кормандони соҳаи сохтмон барои ҳамкории судманд дар ташкилу баргузории чорабинӣ бо сипоснома ва мукофотҳо сарфароз шуданд.

Намоиши лоиҳаҳои беҳтарин то 8 август идома ёфта, ба роҳбарону масъулини шаҳру ноҳияҳо имконият медиҳад, ки аз таҷрибаи муосири меъморӣ истифода намуда, лоиҳаҳои созандаро барои татбиқ интихоб намоянд.

Дар доираи чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нави шаҳрсозӣ бояд талаботи меъмории муосир, ҳифзи муҳити зист ва унсурҳои меъмории миллӣ ба инобат гирифта шавад. Амалӣ намудани чунин тадбирҳо барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди минбаъдаи шаҳрҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд