Дар Остона вакилони Курултай бо намояндагони иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ мулоқот намуданд - ИА Караван Инфо
Дар Остона вакилони Курултай бо намояндагони иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ мулоқот намуданд

Остона, 06 октябри соли 2026-АИ Караван Инфо. Дар Хонаи дӯстии пойтахт мулоқоти вакилони Курултаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо намояндагони иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон баргузор шуд.

Депутатҳо Сергей Пономарёв, Евгений Болгерт ва Шерзод Пулатов дар бораи кори Курултай, ташаббусҳои қонунгузорӣ ва самтҳои асосии фаъолияти вакилӣ нақл намуданд. Ба масъалаҳои ваҳдати умумимиллӣ, ризоияти ҷамъиятӣ ва ҳамкории давлат бо ҷомеа диққати алоҳида дода шуд.

“Дар ҷараёни муҳокимаи ошкоро намояндагони иттиҳодияҳои этнофарҳангӣ ва ҷавонон тавонистанд ба вакилон саволҳои ҷолиб диҳанд, пешниҳодҳо баен кунанд ва дар бораи масъалаҳои мубрами ҷамъиятӣ табодули афкор кунанд”, — хабар доданд  дар Вазорати  фарҳанг  ва  иттилооти Қазоқистон.

 Аксҳо: АИ Караван Инфо