Остона, 15 майи соли 2026-Иа Карован Инфо. Дучархасавори уругвайӣ дар дастаи XDS Astana Team Томас Силва дар марҳилаи панҷуми мусобиқаи бонуфузи бисёррӯзаи “Джиро д,Италия” ҷои сеюмро гирифт. Марҳилаи дарозии 203 километр байни Прая-а-Мар ва Потенса дар шароити душвори обу ҳаво гузашт варзишгарон қариб тамоми рӯз бояд дар зери боронҳои шадид ҳаракат менамуданд.

Аз километрҳои аввал якбора ду намояндаи дастаи қазоқистон Томас Силва ва Кристиан Скарони ба фосила рафтанд. Дар болоравии ниҳоӣ гурӯҳ пас аз як қатор ҳамлаҳо пароканда шуд ва ду ронанда тавонистанд пеш раванд. Силва дар ҷои сеюм ба финиш расид, Скарони дар ҷои панҷум қарор гирифт ва дар ҳисоби умумӣ ба ҷои сеюм баромад.
“Марҳила хеле вазнин буд, қариб тамоми рӯз борон меборид. Аммо дар маҷмӯъ, ин натиҷаи хуб аст ва марҳилаҳои зиёде дар пешанд” гуфт Томас Силва.
Ғолиби марҳила испанӣ Игор Арриета буд, дуюм португалӣ Афонсу Эулалиу ба анҷом расид. Силва қаблан дар марҳилаи дуюми мусобиқа ғолиб омада буд.
Аксҳо: ҳокимияти Остона
