Дастаи Мунтахаби Қазоқистон дар олимпиадаи математикии аврупо барои духтарон дар Фаронса иштирок мекунад
Остона, 10 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дастаи Мунтахаби Миллии Қазоқистон дар олимпиадаи 15-уми математикии аврупо барои духтарон (EGMO-2026) дар Бордо (Фаронса) иштирок мекунад. Мусобиқа аз 9-уми то 15 – уми апрел баргузор мешавад. Дар он тақрибан 200 мактаббача аз зиёда аз 50 кишвар иштирок мекунанд.

Қазоқистон дар олимпиада аз соли 2017 иштирок менамояд. Дар ин муддат 3 медали тилло, 13 нуқра ва 18 биринҷӣ, инчунин 4 ифтихорнома ба даст оварда шуд.
Дар ҳайати даста: Юлия Катунина (Павлодар), Аружан Батирхан (Алмаато), Имон Которова (Алмаато), Аружан Кайрат (Алмаато). Роҳбари илмӣ Антон Василев (ДДМ), роҳбар – Марат Нсанбаев.
Акс: Вазортаи Илм ва ТО ҶҚ
