Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд - ИА Караван Инфо
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд

Душанбе, 8 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский сеюмин бозии дӯстонаашро дар доираи рӯзҳои ФИФА-и тирамоҳ анҷом дод.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чин буд, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 94-умро ишғол мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Longxing Football Stadium»-и шаҳри Чунтсин баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Озарбойҷон (0:1) ва Фаластин (2:4) бозиҳои дӯстона анҷом дода буд.

Рақобатҳои навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешаванд. Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи 52-юми байналмилалии «King’s Cup», ки аз 9 то 17 ноябр дар Тайланд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Дар баробари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа тимҳои миллии Тайланд, Умон ва Баҳрайн низ иштирок мекунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон