Душанбе, 21 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Муғулистон ворид шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Уланбатор Сарвари давлати Тоҷикистон тибқи олии ташрифоти дипломатӣ бо эҳтироми хоса истиқбол гирифта шуд, ки аҳамияти стратегии ин сафарро барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон боз ҳам таъкид намуд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр ҳудуди фурудгоҳ бо Парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон идона оро дода шуда, фазои дӯстиву эҳтироми мутақобила ва омодагии ҷонибҳоро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба таҷассум мекард.
Дар назди зинапояи ҳавопаймо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Баттсетсэг Батмунхийн ва дигар намояндагони воломақоми давлативу ҳукуматии кишвари мизбон самимона истиқбол гирифтанд.
Тибқи муқаррароти ташрифоти расмии сафарҳои давлатӣ назди ҳавопаймо қолини сурх густурда шуда, аз ду тарафи он ҳайати Горди фахрӣ саф ороста буд. Ба маросими истиқбол ҳузури ҷавонони муғул бо либосҳои миллӣ ҳусни тоза бахшида, суннатҳои қадимаи меҳмоннавозии мардуми Муғулистонро таҷассум намуд.

Яке аз рӯйдодҳои рамзии рӯзи аввали сафар маросими муштараки шинонидани «Дарахти дӯстӣ» гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Уланбатор дарахт шинонида, онро рамзи таҳкими дӯстӣ, эътимоди мутақобила ва шарикии дарозмуддати ду кишвар арзёбӣ намуданд.
Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатӣ сарони ду давлат доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, фарҳанг ва робитаҳои гуманитариро баррасӣ намуда, ҳамчунин бастаи нави санадҳои байнидавлатиро ба имзо расонанд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муғулистон саҳифаи наверо дар муносибатҳои ду кишвар боз мекунад. Агар то имрӯз ҳамкориҳои Душанбе ва Уланбатор бештар хусусияти сиёсиву дипломатӣ дошта бошанд, акнун онҳо тадриҷан ба марҳилаи нави шарикии иқтисодӣ ва стратегӣ ворид мегарданд.
Дар шароити густариши робитаҳои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё, ин сафар мавқеи ҷумҳуриро ҳамчун иштирокчии фаъоли ҳамкориҳои минтақавӣ боз ҳам таҳким бахшида, барои рушди тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии байнидавлатӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
