Донишҷӯёни Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии «Восхождение» дар Москва филми худро муаррифӣ карданд - ИА Караван Инфо
Донишҷӯёни Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии «Восхождение» дар Москва филми худро муаррифӣ карданд

Душанбе, 30 сентябр, — АИ «Корвон Иттилоот». Ҳайати намояндагони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» таҳти роҳбарии ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо 29 сентябр дар шаҳри Москва дар маросими кушодашавии фестивали байналмилалии донишҷӯёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Восхождение» иштирок намуд.

Фестивал дар Донишкадаи умумироссиягии давлатии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) баргузор гардид.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии фестивал ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нақши муҳими ВГИК-ро ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти соҳавӣ дар омода намудани мутахассисони касбӣ ва рушди санъати кино таъкид намуд.

Ба гуфтаи Назарзода Маҳмуд Мирзо, Донишкадаи умумироссиягии давлатии кинематография ба номи С. А. Герасимов яке аз шарикони калидии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамкории ду муассисаи таълимӣ ба табодули таҷриба ва рушди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи фарҳанг ва кинематография равона шудааст.

Ректори донишкада зикр намуд, ки ҳайати профессорону устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ВГИК таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Табодули таҷрибаи устодон, баргузории семинару мастер-классҳо, ҳамкории донишҷӯён ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба шумор мераванд.

Иштироки донишҷӯёни донишкада дар фестивали «Восхождение» барои онҳо имкони муаррифии кори кинематографии худ ва ба даст овардани таҷрибаи амалӣ дар муҳити байналмилалии донишҷӯён мебошад.

Донишҷӯёни донишкада дар фестивал бо филми омоданамудаи худ иштирок доранд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки на танҳо натиҷаи фаъолияти эҷодии худро муаррифӣ намоянд, балки бо равандҳои муосир ва самтҳои нави рушди синамои ҷаҳонӣ низ шинос шаванд.

Баргузории чунин фестивалҳои байналмилалӣ барои робитаи касбии синамогарони ҷавони кишварҳои ИДМ, табодули таҷрибаи эҷодӣ ва ташаккули робитаҳои нав миёни муассисаҳои таълимии соҳавӣ замина фароҳам меорад.

ФОТО: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.