Душанбе, 24 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». 22 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия намояндагони ширкати «Антиплагиат» — яке аз таҳиягарони пешбари системаҳои санҷиши иқтибосҳо дар кишварҳои ИДМ — бо сафари корӣ ҳузур доштанд. Ба ҳайати меҳмонон Степан Меценатов ва Маржан Смятова шомил буданд.

Дар вохӯрӣ устодон ва кормандони донишгоҳ, ки дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ иштирок доранд, ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия солҳои зиёд бо ин ширкат ҳамкорӣ дошта, аз воситаҳои рақамӣ барои баланд бардоштани сифати раванди таълим ва таҳқиқоти илмӣ фаъолона истифода мебарад.
Яке аз рӯйдодҳои марказии чорабинӣ муаррифии версияи навшудаи системаи «Антиплагиат» буд. Ба иштирокчиён имкониятҳои густаришёфтаи ҷустуҷӯи иқтибосҳо ва инчунин пойгоҳҳои навшудаи манбаъҳо пешниҳод гардиданд, ки имкон медиҳанд таҳлили матнҳо дақиқтар ва амиқтар анҷом дода шавад. Қисмати амалии вохӯрӣ ба баррасии истифодаи ин хидмат дар корҳои таълимӣ ва илмӣ бахшида шуда, таҷрибаи амалии кор бо система табодули назар гардид.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар омода намудани корҳои донишҷӯён дода шуд. Ҷонибҳо роҳҳои муайян кардани матнҳои бо истифода аз моделҳои генеративӣ эҷодшударо баррасӣ карданд ва зарурати ташаккули малакаи истифодаи дуруст ва масъулонаи воситаҳои рақамӣ дар байни донишҷӯёнро таъкид намуданд.
Дар ҷараёни муҳокима тағйирот дар низоми таҳсилоти олӣ, ки бо густариши технологияҳои зеҳни сунъӣ алоқаманд аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин воситаҳо аллакай ба қисми раванди таълим табдил ёфтаанд ва талаб мекунанд, ки равишҳои нави методӣ, аз ҷумла дар таҳия ва арзёбии корҳои хатмӣ, таҳия карда шаванд.

Ҳамчунин масъалаи эътимоднокии манбаъҳо матраҳ гардид, зеро моделҳои генеративӣ метавонанд истинодҳои нодуруст ё ҳатто мавҷуднабуда эҷод кунанд. Дар ин замина зарурати рушди тафаккури интиқодӣ дар байни донишҷӯён ва ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии санҷиши маълумот таъкид шуд.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ изҳор намуда, таҷрибаи муваффақи донишгоҳро дар самти рақамисозии таҳсилот ва мубориза бо плагиат муҳим арзёбӣ карданд.
Акс: хадамоти матбуоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
