Душанбе, 30 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Пойтахти Тоҷикистон бори дигар ба яке аз марказҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонии экологӣ табдил ёфт. Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои роҳбарикунандаи Фонди сабзи иқлим (Green Climate Fund – GCF) оғоз гардид — бузургтарин ниҳоди байналмилалии маблағгузории лоиҳаҳои иқлимӣ, ки самтҳои асосии дастгирии кишварҳои рӯ ба рушдро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим муайян мекунад.

Ҷаласа то 2 июл идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Фонд, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ ва коршиносони пешбари соҳаи иқлимро гирди ҳам овардааст. Интихоби Душанбе ҳамчун макони баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд аз афзоиши нақши Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати ҷаҳонии экологӣ ва эътирофи сиёсати пайгиронаи давлат дар самти ҳифзи муҳити зист шаҳодат медиҳад.
Иштирокчиёни маросими ифтитоҳ таъкид карданд, ки Тоҷикистон солҳои зиёд ташаббускори масъалаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад. Имрӯз маҳз ҳамин масъалаҳо ба яке аз муҳимтарин омилҳои таъмини рушди устувор ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои маблағгузории иқлим, татбиқи лоиҳаҳои рушди устувор, такмили ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Таваҷҷуҳи махсус ба густариши сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикаи барқароршаванда, идоракунии захираҳои об ва рушди инфрасохтори экологӣ равона хоҳад шуд.
Баргузории ин ҷаласа барои Тоҷикистон имкониятҳои нави таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ҷалби сармоя ба иқтисоди «сабз» ва муаррифии ташаббусҳои миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Фонди сабзи иқлим соли 2010 дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Идораи марказии он дар шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея ҷойгир буда, директори иҷроияаш Мафалда Дуарте мебошад.
Айни замон ҳаҷми сандуқи маблағгузории GCF аз 20 миллиард доллари ИМА зиёд буда, беш аз 300 лоиҳаро дар саросари ҷаҳон фаро мегирад. Ин лоиҳаҳо ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, рушди энергетикаи барқароршаванда ва дастгирии кишварҳои осебпазир аз хушксолӣ, обхезиҳо, болоравии сатҳи баҳр ва обшавии пиряхҳо равона шудаанд.
Акс: НИАТ «Ховар»
