Душанбе, 23 июл, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон 22 июн ҷаласаҳои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии гимнастика (World Gymnastics) оғоз гардиданд. Ин ҳамоиши бонуфуз роҳбарони созмони байналмилалӣ, намояндагони федератсияҳои миллӣ ва коршиносони варзишро гирд оварда, то 25 июл идома хоҳад кард.

Тавре Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласаҳо президенти Федератсияи ҷаҳонии гимнастика Моринари Ватанабэ, президенти Иттиҳоди гимнастикаи Осиё Абдурраҳмон Ал-Шатрӣ, ноиби президент, котиби генералӣ, аъзои Комиссияи президентӣ ва Кумитаи иҷроия, инчунин роҳбарони федератсияҳои миллии гимнастика ва мутахассисони байналмилалӣ иштирок доранд.
Иштирокчиён масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи гимнастика, такмили низоми идоракунии федератсияи байналмилалӣ, омодагӣ ба мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, рушди тамоми намудҳои гимнастика ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии варзиширо баррасӣ мекунанд.
Бори аввал баргузор шудани чунин ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон нишонаи эътимоди ҷомеаи байналмилалии варзиш ба ҷумҳурӣ ва эътирофи мавқеи рӯзафзуни Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.
Дар доираи барномаи чорабинӣ инчунин шиносоӣ бо иншооти варзишии Душанбе, мулоқотҳо бо намояндагони соҳаи варзиш ва муҳокимаи масъалаҳои омодасозии варзишгарон ва мутахассисони касбӣ пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки баргузории чунин ҳамоиш барои мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ, рушди мактаби миллии гимнастика ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Мизбонии ҷаласаҳои роҳбарияти Федератсияи ҷаҳонии гимнастика нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз майдонҳои баргузории чорабиниҳои бонуфузи байналмилалии варзишӣ табдил меёбад.
Дар солҳои охир кишвар ба рушди инфрасохтори варзишӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалӣ, омодасозии мутахассисон ва рушди варзиши кӯдакону наврасон имкониятҳои нав фароҳам меоранд.
АКС: Федератсияи гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
