Душанбе, 22 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пасманзари афзоиши норасоии захираҳои обӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо Тоҷикистон бори дигар масъалаи обро ба меҳвари муколамаи байналмилалӣ мебарорад. Дар арафаи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз 25 то 28 май дар Душанбе баргузор мешавад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паёме ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кард.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин муроҷиат таъкид шудааст, ки имрӯз об на танҳо захираи табиӣ, балки омили стратегии рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, энергетика, тандурустӣ ва суботи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар паём таваҷҷуҳи махсус ба зарурати муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ дар муқобили таҳдидҳои иқлимӣ равона шудааст. Аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун омилҳое арзёбӣ шудаанд, ки аллакай ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсир мерасонанд.
«Ғамхорӣ нисбат ба об — ин ғамхорӣ нисбат ба ояндаи умумии мост», — таъкид шудааст дар муроҷиати роҳбари дипломатияи Тоҷикистон.
Вазири корҳои хориҷӣ бори дигар ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ, ҷавонон, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ба иштирок дар конфронси Душанбе даъват намуд. Ин ҳамоиш солҳои охир ба яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ оид ба дипломатияи об ва устувории иқлимӣ табдил ёфтааст.
Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир яке аз ташаббускорони фаъоли рӯзномаи ҷаҳонии об дар доираи Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад. Маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи байналмилалӣ як қатор қатъномаҳо ва даҳсолаҳои байналмилалиро вобаста ба масъалаҳои об ва рушди устувор қабул кардааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки конфронси имсола дар як давраи бисёр ҳассос баргузор мешавад, зеро масъалаи амнияти об тадриҷан ба яке аз омилҳои калидии сиёсати ҷаҳонӣ ва иқтисоди байналмилалӣ табдил меёбад. Барои Осиёи Марказӣ, ки тағйирёбии иқлим бевосита ба пиряхҳо, кишоварзӣ ва энергетика таъсир мерасонад, дипломатияи об на танҳо масъалаи экологӣ, балки масъалаи стратегии ояндаи минтақа мебошад.
Интизор меравад, ки дар Душанбе намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омада, конфронс ба майдони таҳияи роҳҳои нави идоракунии захираҳои обӣ ва таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
