Елена Рибакина дар мусобиқаи қаҳрамонии WTA пешсаф шуда, Соболенкоро паси сар намуд – ИА Караван Инфо
Елена Рибакина дар мусобиқаи қаҳрамонии WTA пешсаф шуда, Соболенкоро паси сар намуд

Штутгарт, 20 апрели соли 2026 АИ «Караван инфо». Теннисбози қазоқистонӣ Елена Рыбакина, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷои дуюмро ишғол мекунад, ба сатри аввали мусобиқаи қаҳрамонии WTA баромад. Рейтинг аз оғози соли тақвимӣ ҳисоб намуда мешавад, ҳашт варзишгари беҳтарини мавсим ба мусобиқаи ниҳоии WTA Finals, ки Қаҳрамони амалкунандаи он Рибакина мебошад, роҳ меёбанд.

Вай пешсафиро дар ҷадвали миёна бо пирӯзӣ дар мусобиқаи Штутгард таъмин намуд ва аз белорусдухтар Арина Соболенко пеш гузашт. Дар дороии Рибакина 3 993 хол, Соболенко 3 810 хол.

Дар финали мусобиқаи хокӣ дар категорияи WTA-500 Рибакина Каролина Муховаи чехро бо ҳисоби 7:5, 6:1 мағлуб намуд. Қазоқистонӣ бори дуюм дар тӯли фаъолияти худ ғолиби мусобиқаҳои Штутгарт шуд (пештар дар соли 2024).

Аксҳо: ФТК

error: