Душанбе, 24 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».Дар шаҳри Гулистон конфронси байналмилалии илмию амалии «Нақши геология дар рушди саноати кишвар» ва Конфронси IX байналмилалии истифодабарандагони «Микромайн – 2026» ба кори худ оғоз карданд.

Иштирокчиён рушди заминаи маъданию ашёи хоми Тоҷикистон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар иктишофи геологӣ ва саноати кӯҳӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалии соҳаро баррасӣ мекунанд.
Дар чорабиниҳо раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Оймуҳаммадзода, роҳбарият ва намояндагони ширкати байналмилалии «Микромайн», намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва мутахассисони ватаниву хориҷӣ иштирок доранд.

Дар конфронсҳо намояндагони нӯҳ давлат — Австралия, Британияи Кабир, Бразилия, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Геология ҳамчун асоси рушди саноат
Сардори Саридораи геология Илҳом Оймуҳаммадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки ҳадафҳои асосии конфронс баррасии нақши геология дар рушди саноати кишвар, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи геология таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа, имкониятҳои мавҷуда ва дурнамои рушди саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, маълумот пешниҳод намуд. Ӯ таъкид кард, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рушди устувори соҳа шаҳодат медиҳад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар нуҳ моҳи соли 2026 дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 31,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Индекси истеҳсоли саноатӣ бо дарназардошти омили нарх нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 фоизро ташкил додааст. Ҳиссаи корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва металлургӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 40 фоиз баробар мебошад.
Технологияҳои рақамӣ барои саноати кӯҳӣ
Дар идомаи конфронс намояндагони ширкати байналмилалии «Микромайн» дар бораи фаъолияти ширкат, имкониятҳои технологии он ва таҷрибаи истифодаи роҳҳалҳои муосир дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ маълумот пешниҳод карданд.

Тавре зикр гардид, ширкат дар 90 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, беш аз 50 кони маъданӣ ва 3 000 лоиҳаро фаро мегирад. Истифодаи воситаҳои рақамӣ дар ин соҳа барои такмили моделсозии геологӣ, банақшагирии корҳои кӯҳӣ ва идоракунии захираҳои маъданӣ имконият фароҳам меорад.
Дар доираи барномаи илмии конфронс маърузаҳо оид ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла дар мавзӯи «Пойгоҳи маъданӣ — асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон» шунида шуданд.
Ҳамзамон, ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030», ки ба рушди соҳа ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар равона шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Баргузории конфронсҳои байналмилалӣ дар Гулистон барои табодули таҷрибаи касбӣ, таҳкими робитаҳои корӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва омода намудани мутахассисони баландихтисос замина фароҳам меорад.
Барои Тоҷикистон рушди геология аҳаммияти стратегӣ дорад: омӯзиш ва истифодаи оқилонаи захираҳои маъданӣ заминаи ашёи хомро барои саноат тақвият дода, ҷорӣ намудани роҳҳалҳои рақамӣ метавонад ба баланд бардоштани самаранокии корҳои геологию иктишофӣ ва истеҳсолоти саноати кӯҳӣ мусоидат намояд.
Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
