Душанбе, 28 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Кумитаи иҷроияи минтақавии шуъбаи минтақавии ҳизби «Русияи воҳид» дар вилояти Пенза, муовини раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Пензаи Федератсияи Русия Сергей Николаевич Мельников ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд. Мулоқот дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид.

Тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон ба истеҳсол, коркард ва бастабандии маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди ин соҳа ва ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти ватанӣ имкониятҳои васеъ дорад. Ҷониби Русия ин иқдомро муҳим арзёбӣ карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ дар ин самт изҳори умедворӣ намуд.
Давлаталӣ Саид иттилоъ дод, ки дар вилоят беш аз 400 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ фаъолият доранд. Ин корхонаҳо асосан ба коркарди пахта ва истеҳсоли нахи баландсифат, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо машғуланд. Ба гуфтаи ӯ, густариши ҳамкориҳои судманд метавонад ба зиёд гардидани шумораи корхонаҳо ва афзоиши иқтидори истеҳсолии вилоят мусоидат намояд.

Давлаталӣ Саид қайд кард, ки Тоҷикистон ва Русияро муносибатҳои анъанавии шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод ва гуфтугӯи созанда асос ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи минтақавӣ низ тарафҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои гуногун манфиатдоранд.
Вилояти Хатлон, чунон ки зикр шуд, ҳамкориҳои байниминтақавиро бо як қатор субъектҳои Федератсияи Русия фаъолона рушд медиҳад. Бо вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск ва Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, амалӣ мегарданд.
Соли ҷорӣ байни вилояти Хатлон ва вилояти Пенза созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки барои густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ду минтақа заминаи муҳим фароҳам меорад.
Тарафҳо имкониятҳои вилояти Хатлонро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, энергетика ва коркарди маҳсулот баррасӣ намуда, ба зарурати таҳкими робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд. Аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда инҳо арзёбӣ шуданд:
- рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод;
- табодули таҷриба дар бахши агросаноатӣ;
- ҷорӣ намудани технологияҳои муосир;
- таҳкими робитаҳои гуманитарӣ.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо итминон изҳор карданд, ки натиҷаҳои музокирот барои татбиқи ташаббусҳои нави муштарак, ҷалби сармоя, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содирот, инчунин таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду минтақа мусоидат хоҳанд кард.
Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон
