Имконияти зиндагӣ: Қазоқистон ба ҳадди ақали таърихии фавти навзодон ноил шудааст – ИА Караван Инфо
Имконияти зиндагӣ: Қазоқистон ба ҳадди ақали таърихии фавти навзодон ноил шудааст

Остона, 17 апрели соли 2026 АИ «Караван Инфо». Қазоқистон дар соҳаи кӯмаки навзодон пешрафти назаррас нишон медиҳад. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, мизони фавти кӯдакони навзод дар  28 рӯзи аввали ҳаёт 3,9 ба 1000 —ро ташкил додааст, ки ин беҳтарин нишондод дар Осиёи Марказӣ ва тақрибан дар сатҳи кишварҳои пешрафта аст.

Дар нигоҳубини бачагони бармаҳал муваффакиятхои махсус ба даст оварда шуданд. Имрӯз дар кишвар кӯдакони вазни ниҳоят пасти — аз 500 грамм наҷот дода мешаванд. Солҳои охир ба шарофати технологияи муосир ва табибони баландихтисос сатҳи зинда мондани онҳо чор баробар афзуд.

«Ба шарофати чорӣ намудани технологияи пешкадами перинаталӣ ва махорати касбии мутахассисон Қазокистон дар минтака, ба яке аз натичаҳои беҳтарин ноил гардид»

Ҳамасола дар кишвар то 22 ҳазор кӯдаки бармаҳал таваллуд мешавад. Дар баробари ин дар давоми даҳ сол фавти кӯдакон 1,5 баробар ва фавти навзодон ду баробар кам шуда, ба дарачаи пасти таърихӣ расид.

Системаи муоина ва назорати кӯдакон пас аз баромадан нақши муҳим мебозад. Қазоқистон усулҳои муосири ташхис ва дастгириро ҷорӣ кардааст, ки имкон медиҳад хатарҳо сари вақт муайян карда, саломатии кӯдакон нигоҳ дошта шаванд.

Сурат: ВТ ҶҚ

error: