Душанбе, 07 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Иштирокдорони хориҷии ҳамоиши илмии байналмилалии «Тоҷикистони соҳибистиқлол — пайвандгари тамаддуни ориёӣ», ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, аз Театри миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Меҳмонони хориҷиро дар даромадгоҳи Театри миллӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Амонзода ва директори Театри миллии Тоҷикистон М.М. Шарифзода самимона истиқбол гирифтанд.
Зимни мулоқот намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳмонони хориҷӣ оид ба рушди соҳаи фарҳанг, самтҳои сиёсати давлатии фарҳангӣ ва тадбирҳои минбаъдаи такмили инфрасохтори фарҳангии кишвар табодули афкор намуданд.
Дар ин зимн ба дастгирии давлатии соҳаи фарҳанг ва аҳли ҳунар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҷонибҳо нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти аҳли фарҳангу ҳунар ва густариши инфрасохтори фарҳангии кишвар таъкид карданд.

Ба иштирокдорони ҳамоиш инчунин Театри миллии Тоҷикистон — яке аз иншооти муҳими инфрасохтори муосири фарҳангии кишвар — муаррифӣ гардид. Меҳмонон бо хусусиятҳои меъмории бино, тарҳи муосир, толорҳо ва имкониятҳои техникии он шинос шуданд.
Дар доираи боздид меҳмонони хориҷӣ аз толорҳои театр ва дигар бахшҳои муассиса дидан намуда, бо шароити фаъолияти дастаҳои эҷодӣ ва ҳунармандон, инчунин имкониятҳои Театри миллӣ барои баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ шинос гардиданд.

Боздид аз Театри миллӣ бахше аз барномаи будубоши иштирокдорони хориҷии ҳамоиш дар Тоҷикистон буда, барои меҳмонон имконият фароҳам овард, ки на танҳо бо инфрасохтори муосири фарҳангии кишвар шинос шаванд, балки дар бораи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг тасаввуроти бештар пайдо намоянд.
Ҳамоиши илмии «Тоҷикистони соҳибистиқлол — пайвандгари тамаддуни ориёӣ» дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, барномаи асосии он 7–9 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ доир мегардад.
АКС: Радиои “Садои Душанбе”
