Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Муколамаи Термиз: минтақа ба сӯи ҳамгироии иқтисодӣ ва рушди муштарак - ИА Караван Инфо
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Муколамаи Термиз: минтақа ба сӯи ҳамгироии иқтисодӣ ва рушди муштарак

Душанбе, 08 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 4 то 6 июни соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи дуюми Муколамаи Термиз таҳти унвони «Сулҳ, пайвастагӣ ва шукуфоӣ: ташаккули асосҳои ояндаи муштарак» баргузор гардид. Дар кори он муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло иштирок намуд.

Форум ба як минбари муҳими баррасии масъалаҳои ҳамгироии минтақавӣ дар фазои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ табдил ёфта, ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои минтақа нигаронида шуд.

Зимни суханронӣ муовини вазир ба аҳаммияти густариши ҳамкории минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, рушди пайвастагии нақлиётиву логистикӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, такмили механизмҳои савдо ва рақамикунонии иқтисодро аз самтҳои калидии ҳамкорӣ номид.

Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо яке аз омилҳои асосии афзоиши савдо ва ҷалби сармоя ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ҳамкории энергетикӣ ва татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати минтақавӣ арзёбӣ шуд.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои идомаи сиёсати фаъол дар самти густариши ҳамкории минтақавӣ, коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ ва ташаккули фазои ягонаи рушди устувор ва шукуфоӣ таъкид намуд.

Иштирокчиёни Муколамаи Термиз масъалаҳои мубрами таҳкими пайвастагии минтақавӣ, рушди шарикии иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро, ки ба таъмини рушди устувори минтақа нигаронида шудаанд, баррасӣ карданд.

Дар ҳошияи форум қайд мешавад, ки дар он беш аз 150 намояндаи доираҳои сиёсӣ, соҳибкорӣ ва коршиносӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, ИДМ, Қафқози Ҷанубӣ, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Ховари Миёна ва Амрико иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода намояндагӣ кард.

Географияи васеи иштирокчиён нишон дод, ки масъалаҳои пайвастагии минтақавӣ дигар танҳо хусусияти минтақавӣ надошта, торафт аҳаммияти глобалӣ касб мекунанд. Дар маркази муҳокимаҳо дурнамои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди долонҳои нақлиётиву логистикӣ ва тавсеаи ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омилҳои калидии рушди устувори иқтисодӣ қарор доштанд.

Дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ, нишастҳои мавзӯӣ, инчунин баҳсҳои коршиносӣ ва академӣ баргузор шуданд, ки ба масъалаҳои мубрами ҳамкории байниминтақавӣ бахшида шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ташаккули механизмҳои устувори ҳамгироии иқтисодӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир гардид.

Яке аз натиҷаҳои муҳими чорабинӣ мулоқоти Ораз Муртазозода бо директори Институти тадқиқоти стратегии ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Элдор Арипов буд.

Натиҷаи асосии музокирот имзои Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои экспертии Тоҷикистону Узбекистон миёни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Институти тадқиқоти стратегии ва байниминтақавӣ гардид. Ин иқдом ба институционализатсияи ҳамкории марказҳои таҳлилӣ ва таҳкими хусусияти низомманд ва устувори он равона шудааст.

Шӯрои нави экспертӣ ба як минбари доимии таҳияи тавсияҳои амалӣ барои таҳкими муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Узбекистон табдил меёбад. Ба кори он ҷалби намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва доираҳои соҳибкорӣ дар назар аст.

Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо мубодилаи мунтазами маводи таҳлилӣ, ташкили конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳои коршиносиро ба роҳ монда, инчунин лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотиро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн амалӣ хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, Муколамаи Термиз на танҳо аҳаммияти рӯзномаи ҳамгироии минтақавиро тасдиқ кард, балки ба як майдони ташаккули шаклҳои нави институционалии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон табдил ёфт, ки ба таҳкими дарозмуддати робитаҳои иқтисодӣ ва коршиносӣ равона шудаанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон