Искандаркӯл ҳамчун нуқтаи ҷалб: арт-резиденсияи ORALIK кӯли кӯҳиро ба фазои гуфтугӯи фарҳангии Осиёи Марказӣ табдил дод – ИА Караван Инфо
Искандаркӯл ҳамчун нуқтаи ҷалб: арт-резиденсияи ORALIK кӯли кӯҳиро ба фазои гуфтугӯи фарҳангии Осиёи Марказӣ табдил дод

Душанбе, 29 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон 25 апрел натиҷаҳои арт-резиденсияи байналмилалии ORALIK ҷамъбаст гардиданд — лоиҳае, ки дар муддати кӯтоҳ тавонист рассомони ҷавони Осиёи Марказиро муттаҳид намуда, модели нави ҳамкории эҷодиро берун аз муҳити шаҳрӣ пешниҳод кунад. Намоишгоҳи ниҳоӣ на танҳо муаррифии асарҳо, балки инъикоси як раванди мураккаби эҷодӣ гардид, ки дар соҳили Искандаркӯл — яке аз зеботарин кӯлҳои баландкӯҳи кишвар — шакл гирифт.

Ҳашт рассом аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои панҷ рӯз аз муҳити шаҳрӣ дур шуда, ба шароити пурраи оромӣ ва танҳоӣ ворид гардиданд. Ин ҷудошавӣ аз муҳити маъмулӣ унсури асосии консепсияи лоиҳа буд: ба ҷойи майдонҳои шинохтаи санъат — оромии кӯҳистон, ба ҷойи реҷаи маъмул — гуфтугӯ бо табиат ва маъноҳои дарунӣ.

Куратори лоиҳа аз Ӯзбекистон Бекзод Улмасов таъкид мекунад, ки интихоби чунин макони душвордастрас бо ҳадафи ғайримарказикунонии раванди эҷодӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф берун овардани санъат аз доираи марказҳои пойтахтӣ ва фароҳам сохтани муҳите буд, ки дар он рассом бо табиат ва андешаҳои худ рӯ ба рӯ мешавад.

Лоиҳа зиёда аз як сол пеш оғоз ёфт — аз мулоқоти кураторон дар Самарқанд, ки дар он идеяи якҷоя сохтани як формати байналмилалӣ ба миён омад. Дар натиҷа, интихоб чандмарҳилагӣ сурат гирифт: аз зиёда аз 100 дархост 55 иштирокчӣ интихоб шуда, баъдан дар барномаи омӯзишии онлайн бо менторон иштирок намуданд. Танҳо ҳашт нафари беҳтарин ба Искандаркӯл роҳ ёфтанд.

Дар байни онҳо Эъзоза Зокирҷанова (Тошканд), Наим Раҷабов (Душанбе), Аурелия Акмуллаева (Алмаато), Бегимай Исаева (Бишкек), Сарвиноз Меликузиева (Фарғона), Амир Холматов (Ашт), Айша Мусева (Бишкек) ва Назира Садвакассова (Остона ҳастанд). Ба гуфтаи ташкилкунанда Насиба Каримова, яке аз дастовардҳои асосӣ ташаккули муҳити эътимод ва ҳамдигарфаҳмии эҷодӣ буд.

Панҷ рӯзи танҳоӣ барои иштирокчиён ҳамзамон озмоиш ва илҳом гардид. Шароити кӯҳистон, ҳавои сард, сатҳи оинамонанди об ва ривоятҳои маҳаллӣ — аз ҷумла дар бораи кӯҳи «лаънатшуда» ва аспи ғарқшудаи Искандари Мақдунӣ — ба раванди эҷодӣ таъсири ҷиддӣ расониданд. Тавре ки санъатшинос Азиза Шаропова қайд мекунад, бисёре аз рассомон дар ҷараёни резиденсия консепсияҳои худро куллан тағйир доданд.

Масалан, Бегимай Исаева аз Қирғизистон идеяи аввалияашро тағйир дода, диптихе офарид, ки инъикоси кӯҳҳоро дар об тасвир мекунад. Видеоасари Аурелия Акмуллаева бошад, зери таъсири ривоятҳои маҳаллӣ хусусияти асроромез пайдо кард. Ин тағйирот нишон медиҳад, ки фазо метавонад андешаи эҷодиро дигаргун созад.

Намоишгоҳи ниҳоӣ дар Душанбе на танҳо расмҳо, балки лоиҳаҳои байнисоҳавӣ — инсталлятсияҳо, видео-арт ва асарҳои муштаракро пешниҳод намуд, ки масъалаҳои ҳувият, хотира ва марзҳои фарҳангиро таҳқиқ мекунанд. Маҳз корҳои ҳаммуаллифона рамзи натиҷаи асосии лоиҳа гардиданд — барҳам хӯрдани марзҳо тавассути санъат.

Лоиҳа бо як намоиш маҳдуд намешавад: минбаъд экспозитсия ба шаҳрҳои Тошканд, Бишкек ва Алмаато сафар хоҳад кард. Ҳамин тавр, гуфтугӯе, ки дар соҳили Искандаркӯл оғоз ёфт, дар дигар марказҳои фарҳангии минтақа идома меёбад.

Ташкилкунандагон инчунин ба натиҷаи амалӣ ишора мекунанд: таваҷҷуҳи зиёд ба асарҳо нишон медиҳад, ки санъати муосири минтақа имрӯз талаботи баланд дорад. Ин метавонад барои рассомони ҷавон имконияти пайдо кардани коллексионерон ва рушди касбиро фароҳам созад.

Лоиҳа бо дастгирии шарикон, аз ҷумла Фонди ҷамъиятии «Кудук» бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария, лоиҳаи Easy Art ва меҳмонхонаи Hilton Dushanbe амалӣ гардид.

Ҳамин тариқ, арт-резиденсияи ORALIK нишон дод, ки санъати муосири Осиёи Марказӣ тадриҷан ба фазои ягонаи фарҳангӣ табдил меёбад, ки дар он на марзҳо, балки маъноҳо аҳамият доранд.

Акс: Азия Плюс

error: