Истиқлол ҳамчун заминаи таҳкими давлат: дар ВКД Тоҷикистон саҳми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими амнияти давлат таъкид гардид  - ИА Караван Инфо
Истиқлол ҳамчун заминаи таҳкими давлат: дар ВКД Тоҷикистон саҳми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими амнияти давлат таъкид гардид 

Душанбе, 07 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сентябр чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Шӯрои амният, ҳайати шахсӣ, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд. Чорабинӣ на танҳо ба таҷлили санаи муҳими миллӣ, балки ба баррасии роҳи тайнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва таъкиди аҳамияти минбаъдаи таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ бахшида шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни асосии миллии кишвар табрик намуда, нақши таърихии Истиқлолияти давлатиро дар ташаккул ва таҳкими давлатдории муосири тоҷикон таъкид кард.

Дар суханронии худ роҳбари Вазорати корҳои дохилӣ иброз дошт, ки ба даст овардани истиқлолият ва таҳкими минбаъдаи соҳибихтиёрии давлатӣ барои рушди устувори кишвар заминаи муҳим фароҳам овард. Дар ин замина нақши сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки дар даврони истиқлолият барои рушди иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва ҳамзамон таҳкими низоми таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти кишвар заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.

Дар тӯли 35 соли истиқлолият масъалаҳои таъмини амнияти ҷамъиятӣ аҳамияти хос пайдо карданд. Суботу қонуният ҳамчун шарти муҳими татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегарданд.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҳмон Юсуф Аҳмадзода аз номи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик намуд.

Дар паёми худ ӯ нақши калидии мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи кишвар дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ таъкид кард.

Барои низоми мақомоти корҳои дохилӣ ин вазифа на танҳо аҳамияти ҳуқуқӣ, балки аҳамияти стратегии давлатӣ низ дорад. Фаъолияти самараноки милитсия бевосита ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими устувории давлат алоқаманд мебошад.

Яке аз бахшҳои муҳими чорабинии идона қадрдонии кормандони фаъол ва хизматнишондодаи мақомоти корҳои дохилӣ гардид.

Барои касбияти баланд, иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ, инчунин иштироки фаъол дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардиданд.

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони хизматнишондода инчунин рутбаҳои махсуси навбатии полковник дода шуданд. Ба дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бошад, рутбаҳои махсуси як зина болотар аз вазифаи штатии ишғолнамудаашон дода гардид.

Ин тадбирҳо на танҳо воситаи ҳавасмандгардонии кормандони алоҳида, балки нишонаи таваҷҷуҳи махсус ба касбият, омодагии кадрӣ, интизом ва масъулият дар низоми мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳбарияти олии кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипоси амиқ намуданд.

Афсарону кормандони милитсия садоқати худро ба савганди хизматӣ тасдиқ карда, омодагии худро барои минбаъд низ бемайлон иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат, таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон баён намуданд.

Санаи ҷашнӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо фурсати ҷамъбасти марҳилаҳои муайяни фаъолият, балки заминаи таъкиди масъулияти минбаъдаи низоми ҳифзи ҳуқуқ дар назди давлат ва ҷомеа гардид. Дар шароити таҳдиду чолишҳои муосир самаранокии ниҳодҳои амниятӣ ба сатҳи касбияти кадрҳо, риояи қонуният, рушди технологӣ ва қобилияти вокуниши саривақтӣ ба шаклҳои нави таҳдидҳо вобастагии мустақим дорад.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият роҳи назарраси рушди институтсионалиро тай намудаанд. Имрӯз нақши онҳо танҳо бо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ маҳдуд намешавад. 

Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳкими суботу устувории ҷомеа аз унсурҳои муҳими низоми муосири амнияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина касбияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва садоқати онҳо ба савганди хизматӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Акс: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон