Як асри шуҷоат ва фидокорӣ: низомиёни Русия дар Душанбе собиқадори Ҷанги Бузурги Ватаниро ба муносибати 100-солагии умраш табрик гуфтанд - ИА Караван Инфо
Як асри шуҷоат ва фидокорӣ: низомиёни Русия дар Душанбе собиқадори Ҷанги Бузурги Ватаниро ба муносибати 100-солагии умраш табрик гуфтанд

Душанбе, 18 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳифзи хотираи таърихӣ ва идомаи анъанаҳои неки наслҳои муҳофизони Ватан барои ҳайатҳои низомие, ки дар Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, анъанаи устувор боқӣ мемонад. Хизматчиёни ҳарбии комендатураи ҳарбии (гарнизони) шаҳри Душанбеи Округи марказии ҳарбӣ (ОМҲ) собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бозор Шодмонович Нағзибековро бо санаи фархунда — 100-солагии мавлудаш тантанавор табрик намуданд.

Зимни боздиди идона намояндагони гарнизон ба иштирокчии ҷанг гулдастаҳо, номаи табрикотии расмӣ аз номи фармондеҳӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои артиширо тақдим намуданд. Хизматчиёни ҳарбӣ ба Бозор Шодмонович барои шуҷоат, устуворӣ ва фидокориҳое, ки дар солҳои сангини ҷанг нишон додааст, изҳори сипоси амиқ намуда, ба ӯ тансиҳатии комил ва саодатмандӣ таманно карданд.

Дар навбати худ, собиқадори ҷанг ба меҳмонон барои таваҷҷуҳи самимӣ ва ғамхории доимӣ миннатдории гарм баён намуда, насли ҷавони низомиёнро барои идомаи сазовори анъанаҳои ҷангӣ ҳидоят кард ва ба онҳо дар хизмати пуршарафашон муваффақият ва осмони софу беғубор орзу намуд.

Баромади сарояндаи ансамбли «Южный Форпост»-и пойгоҳи ҳарбии 201-уми гвардиягии ОМҲ Ғайбулло Турсунов, ки барои соҳибҷашн сурудҳои солҳои ҷанг ва оҳангҳои ватандӯстонаро иҷро намуд, ба вохӯрӣ фазои махсуси гарму самимӣ бахшид.

Бозор Шодмонович Нағзибеков соли 1926 таваллуд шуда, 15 ноябри соли 2026 ҷашни яксадсолагии худро таҷлил намуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ вазифаҳои муҳими ҷангиро оид ба ҳифзи корвонҳои нақлиётӣ ва расонидани бефосилаи маводи ғизоӣ, лавозимоти ҷангӣ ва амволи либосворӣ ба хати пеши ҷабҳа иҷро мекард. Ин марди шуҷоъ тамоми роҳи пуршарафи ҷангро — аз мудофиаи Москва то фатҳи пирӯзмандонаи Берлин тай намудааст.

Арҷгузорӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги башардӯстона ва тарбиявӣ дорад. Саҳми фарзандони ҷумҳурӣ дар Ғалабаи умумӣ — аз набардҳои қаҳрамонона дар хатти пеши ҷабҳа то меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ — саҳифаи муштараки таърихи пурифтихор мебошад.

Чунин мулоқотҳои хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-уми Россия бо шоҳидони зиндаи он рӯйдодҳо ваҳдати маънавиро таҳким бахшида, барои муҳофизони имрӯзаи амнияти минтақавӣ ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ хизмат мекунанд.

АКС: Шуъбаи ҳамкории ҳарбию шаҳрвандии Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия