Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди расмӣ ва нахустин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Сеул сафар кард - ИА Караван Инфо
Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди расмӣ ва нахустин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Сеул сафар кард

Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябр барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

Ин сафар дар шароити густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея ва таҳкими форматҳои нави ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Сеул сурат мегирад. Нахустин ҳамоиши сатҳи роҳбарони кишварҳои минтақа ва Кореяи Ҷанубӣ барои баррасии самтҳои афзалиятноки ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ ва муайян кардани дурнамои муносибатҳои минбаъда баргузор мешавад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии содирот, сардорони Хадамоти гумрук ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, инчунин дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Таркиби ҳайати Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рӯзномаи сафар фаротар аз масъалаҳои дипломатӣ буда, самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои об, маориф ва рушди содиротро низ фаро мегирад. Ин бахшҳо аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки дар онҳо Душанбе метавонад барои тавсеаи ҳамкории технологӣ ва иқтисодӣ бо Кореяи Ҷанубӣ имкониятҳои нав ҷустуҷӯ кунад.

Иштироки Тоҷикистон дар нахустин Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» ҳамзамон барои муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ ва афзалиятҳои стратегии кишвар дар сатҳи минтақавӣ ва ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ бо яке аз шарикони пешрафтаи технологии Осиё аҳамияти хос дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон