Ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси парки саноатии металлургияи ранга ба имзо расид - ИА Караван Инфо
Ёдошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси парки саноатии металлургияи ранга ба имзо расид

Душанбе, 22 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи саноати металлҳои рангаи Чин ва ширкати «Тибет – Эверест» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси парки саноатии металлургияи ранга дар шимоли кишвар ба имзо расид.

Санад дар доираи сафари Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.

Ҳамкорӣ ба рушди коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, маҳаллигардонии истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тавсеаи иқтидори содиротии кишвар равона гардидааст.

Татбиқи ин ташаббус ба ноил шудан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Имзои ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар самти татбиқи тавофуқҳои сарони ду давлат, таҳкими ҳамкориҳои саноатию сармоягузорӣ ва мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.

Самтҳои асосии ҳамкорӣ рушди коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, маҳаллигардонии истеҳсолот ва тавсеаи иқтидори содиротиро дар бар мегиранд.

Акс: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон