Остона, 12 апрели соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар пойтахт Ҳафтаи мавзӯии кайҳон ба муносибати 65-солагии нахустин парвози инсон ба кайҳон оғоз ёфт. Ифтитоҳи тантанавӣ 10-уми апрел дар хонаи Рус бо иштироки дипломатҳо, намояндагони соҳаи кайҳон ва меҳмонони фахрӣ, аз ҷумла кайҳоннавард Айдин Аимбетов баргузор шуд.

Барои меҳмонон намоишгоҳи васеъмиқёс омода намуда шудааст, ки бо иштироки идораҳо ва осорхонаҳои профилӣ ташкил намуда шудааст. Экспозитсия артефактҳои беназири марбут ба таърихи азхудкунии кайҳонро аз ғизои кайҳонӣ то маводи нодири бойгонӣ, тамғаҳо ва аксҳо муттаҳид мекунад.
Диққати махсусро порчаи шишаи пеши киштии “Буран” ҷалб мекунад, ки соли 1988 парвози автоматиро анҷом дод. Ин унсур аз маводи қавӣ сохта шудааст, ки ба ҳарорати шадид ва радиатсия тоб оварда метавонад.

Меҳмонон инчунин метавонанд намоишгоҳи расмҳои кӯдаконро дар бораи кайҳон бубинанд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ба даст оранд.
“Кайҳон- фазои ҳамкорӣ, илҳом ва ояндаи муштарак барои тамоми инсоният аст” – қайд мекунанд созмондиҳандагон.


Намоишгоҳ то санаи 17 – уми апрел идома меёбад ва даромадгоҳ барои ҳама озод аст.

Акс :АИ “Караван Инфо” (Остона)
