Консерти ҳунармандони вилояти Суғд дар Майдони Истиқлол: фарҳанги миллӣ дар фазои ваҳдату субот - ИА Караван Инфо
Консерти ҳунармандони вилояти Суғд дар Майдони Истиқлол: фарҳанги миллӣ дар фазои ваҳдату субот

Душанбе, 17 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Шоми 15 август дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд консерти бошукӯҳи ҳунармандони вилоят баргузор гардид. 

Ин чорабинӣ на танҳо барномаи рангини фарҳангӣ, балки бозтоби равшани дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунари Суғд дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Дар консерт Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, аҳли зиё, шоирону нависандагон ва меҳмонони зиёд иштирок намуданд. Барнома бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва сатҳи баланди касбӣ доир шуд. Суруду мусиқии миллӣ, рақсу тарона ва намунаҳои беҳтарини санъати касбии вилояти Суғд пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардид.

Ҳунармандони вилоят бо маҳорати баланди касбӣ сурудҳои ватандӯстона ва барномаҳои ҷолиби саҳнавиро иҷро намуда, фазои идона ба вуҷуд оварданд. Онҳо муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботро тараннум карданд. Барнома аз ҷониби сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе бо истиқболи гарму самимӣ пазируфта шуд.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди санъату ҳунар заминаи мусоид фароҳам овард. 

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ, дастгирии аҳли эҷод ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. 

Бо шарофати ин сиёсат санъати касбӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, марҳилаи нави рушдро тай намуда, барои муаррифии фарҳанги тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар имкониятҳои бештар фароҳам омаданд.

Аз нуқтаи назари таҳлилӣ консерти ҳунармандони Суғд бозтоби ҳамин дастовардҳо буда, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлол бори дигар собит намуд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ фарҳангу ҳунари миллӣ рушд меёбад. Он ба василаи муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои байниминтақавӣ ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст. Чунин чорабиниҳо нақши фарҳангро ҳамчун омили ваҳдати ҷомеа ва ифтихори миллӣ бори дигар таъкид мекунанд.

Акс: хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд