Курсантҳои Қазоқистон дар Олимпиадаи ИДМ медали нуқра гирифтанд – ИА Караван Инфо
Курсантҳои Қазоқистон дар Олимпиадаи ИДМ медали нуқра гирифтанд

Алмаато, 27 апрел 2026 с. -АИ Караван Инфо. Дар пойтахти чанубӣ натичахои Олимпиадаи X-уми байналхалкии математика дар байни офисерони ояндаи мамлакатхои ИДМ чамъбаст карда шуданд. Дастаи мунтахаби донишгоҳҳои низомии Қазоқистон сатҳи баланди омодагӣ нишон дода, дар ҳисоби даставӣ мақоми дувумро касб карда, танҳо аз намояндагони Русия шикаст хӯрд. Бронза насиби курсантҳои Ӯзбекистон гардид.

Марафони зеҳнӣ, ки дар он намояндагони шаш давлати Иттиҳод иштирок намуданд, дар се даври пуршиддат баргузор шуд. Вазифаҳо бахшҳои мураккаби таҳлили математикӣ, алгебра ва геометрияро дар бар мегирифтанд, ки аз иштирокчиён на танҳо дониши академикӣ, балки қобилияти истифодаи мантиқро дар ҳолатҳои ғайристандартӣ талаб менамуданд. Дар мусобиқаи шахсӣ Ислом Ермеков ба муваффақияти дастаи мунтахаби қазоқистон саҳми махсус гузошт, ки ба сегонаи беҳтарин математикҳои мусобиқа дохил шуд.

Сардори Донишкадаи ҳарбии муҳандисии радиоэлектроника ва коммуникатсия генерал-майор Нуртас Кабаков таъкид намуд, ки математика асоси корҳои муосири ҳарбӣ, бахусус дар бахшҳои баландтехнологии ҳарбӣ мебошад. Ба ҷуз аз озмун барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ омода карда шуд: иштирокчиён аз Беларус, Русия, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо таърихи Қазоқистон ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ шинос шуданд. Ғолибон Ҷоми даъвати Раиси Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ, инчунин ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳои арзишмандро соҳиб шуданд..

Акс: ВМ. ҶҚ

error: