Манифести Куруш ҳамчун пули тамаддунҳо: дар Токио Тоҷикистон дурнамои нави ҳамкории илмӣ ва фарҳангиро муаррифӣ кард – ИА Караван Инфо
Манифести Куруш ҳамчун пули тамаддунҳо: дар Токио Тоҷикистон дурнамои нави ҳамкории илмӣ ва фарҳангиро муаррифӣ кард

Душанбе, 25 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Ҷопон шаҳри Токио 23 апрел семинари илмӣ таҳти унвони «Манифести Куруш: пайванди таърихии байни гузашта ва ҳозира — назари муосири Тоҷикистон» баргузор гардид, ки ба баррасии арзишҳои таърихӣ, ҳуқуқи башар ва нақши мероси тамаддунӣ дар ҷаҳони муосир бахшида шуд. Чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқоти хориҷии Токио (Tokyo University of Foreign Studies) доир гардид.

Дар кори семинар профессорон, устодон ва донишҷӯён иштирок намуда, масъалаи ҷойгоҳи Устувонаи Курушро ҳамчун яке аз рамзҳои таърихии ташаккули андешаҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ баррасӣ карданд. Дар маркази муҳокима робитаи байни мероси қадимӣ ва арзишҳои муосири ҷомеаи байналмилалӣ қарор дошт.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим дар суханронии худ доир ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод. Аз ҷумла, ӯ ба қабули қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Манифести Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» ва инчунин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон шудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ишора намуд.

Таъкид гардид, ки ин ташаббусҳо на танҳо аҳамияти дипломатӣ, балки арзиши баланди маърифатӣ ва фарҳангӣ доранд, зеро ба таҳкими гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди фаҳмиши муштараки арзишҳои инсонӣ мусоидат мекунанд.

Дар ҷараёни семинар ҳамчунин нақши тоҷикон дар таърихи тамаддуни башарӣ, саҳми онҳо дар рушди илм, фарҳанг ва андешаи иҷтимоӣ, инчунин дастовардҳои Тоҷикистони муосир ба донишҷӯён муаррифӣ карда шуд. Иштирокчиён аҳамияти густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопонро махсус таъкид карданд.

Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар Токио ҳамчун як платформаи илмӣ-фарҳангӣ арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими робитаҳои академӣ ва густариши фаҳмиши мутақобилаи таърихӣ миёни ду кишвар мусоидат мекунад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон

error: