Душанбе, 12 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода дар мулоқоти муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Эллисон Ҳукер бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вашингтон иштирок намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Мулоқот ба майдони табодули ҳамаҷонибаи афкор оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба миёни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Дар маркази таваҷҷуҳ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ — ИМА» қарор доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои афзалиятноки шарикии минтақавиро баррасӣ намуда, ба амнияти иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва рушди робитаҳои логистикӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Ин самтҳо дар шароити афзоиши нақши Осиёи Марказӣ дар ташаккули масирҳои нави нақлиётиву иқтисодӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо мекунанд.
Ҷанбаи дипломатии ҳамкории минтақавӣ низ аз масъалаҳои меҳварии мулоқот буд. Иштирокдорон ҳавасмандии тарафайнро ба пешбурди рушди устувор, таҳкими эътимод ва идомаи муколамаи бисёрҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА тасдиқ карданд.
Дар баробари ин, масъалаҳои амният ва суботи минтақавӣ низ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо зарурати вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосирро таъкид намуда, аҳамияти ҳамоҳангсозӣ ва муколамаи боэътимодро барои ҳифзи субот дар минтақа муҳим арзёбӣ карданд.
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
