Душанбе, 29 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи барномаи шиносоии Чаҳорумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» иштирокчиёни он аз яке аз муҳимтарин иншооти низоми обию энергетикии кишвар — Неругоҳи барқи обии Норак боздид намуданд. Ин сафар қисми барномаи васеътаре буд, ки ба меҳмонони Тоҷикистон на танҳо ҷанбаи дипломатии рӯзномаи об, балки паҳлуи амалии онро низ муаррифӣ мекунад.

Дар барнома боздид аз дигар мавзеъҳои муҳим низ пешбинӣ шудааст — Неругоҳи барқи обии «Роғун», дараи Варзоб, Қалъаи Ҳисор, Сафеддара ва як қатор иншооти пойтахт. Аммо маҳз Неругоҳи Норак ба яке аз нуқтаҳои марказии сафар табдил ёфт, зеро дар ин ҷо ҳайатҳои хориҷӣ тавонистанд бо яке аз калонтарин маҷмааҳои энергетикии кишвар аз наздик шинос шаванд.
Меҳмононро тибқи анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикӣ бо нону намак, рақсу суруд истиқбол карданд. Вале пушти ин истиқболи фарҳангӣ паёми ҷиддитар қарор дошт: нишон додан, ки захираҳои обӣ дар Тоҷикистон танҳо мавзӯи гуфтугӯи байналмилалӣ нестанд, балки пояи рушди воқеии иқтисод, саноат ва суботи энергетикии минтақа мебошанд.
Роҳбарияти неругоҳ ба меҳмонон дар бораи таърихи сохтмони ин иншоот, аҳамияти стратегии он ва навсозии таҷҳизот маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Иштирокчиён бо хусусиятҳои техникии неругоҳ, кори толори марказии мошинҳо ва нишондиҳандаҳои обанбор шинос шуданд. Нахустин агрегати неругоҳ соли 1972 ба истифода дода шуда, агрегати охирин моҳи декабри соли 1979 ба кор оғоз кардааст.

Обанбори Норак, ки дар натиҷаи сохтмони неругоҳ ба вуҷуд омадааст, масоҳати 98 километри мураббаъ ва ҳаҷми 10,5 миллиард метри мукааб дорад. Аз ин миқдор 4,5 миллиард метри мукааб ҳамчун захираи оби ширин истифода мешавад. Дарозии он 70 километр, паҳноияш то 1 километр ва чуқурии миёнааш 107 метрро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо бузургии муҳандисии иншоот, балки аҳамияти онро барои тавозуни обӣ ва низоми энергетикии кишвар нишон медиҳанд.
Кормандони неругоҳ таъкид карданд, ки Неругоҳи Норак, ки неруи барқи тоза тавлид мекунад, ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ замина гузошт. Маҳз дар асоси чунин неруи боэътимоди энергетикӣ корхонаҳои калони саноатии кишвар, аз ҷумла Корхонаи алюминийи Тоҷикистон ва Комбинати химиявии Ёвон, ба фаъолият оғоз карданд. Ҳамзамон ҳазорон гектар заминҳои хушк ва бекорхобида дар Ёвон ва Данғара ба заминҳои ҳосилхез табдил ёфтанд.

Зимни боздид меҳмонони хориҷӣ бо иншооти асосии истеҳсолӣ ва технологияҳои муосири ҷорӣшаванда шинос шуданд. Онҳо сатҳи баланди ташкили кор ва аҳамияти рушди энергетикаи сабзро дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ таъкид намуданд.
Ба андешаи яке аз иштирокчиёни сафар, Неругоҳи Норак танҳо як иншооти бузурги обию энергетикӣ нест, балки маконест, ки қудрати муҳандисӣ бо зебоии табиат ва таърихи рушди кишвар ба ҳам меояд. Маҳз чунин иншоотҳо ба шарикони байналмилалӣ имкон медиҳанд, то беҳтар дарк кунанд, ки чаро Тоҷикистон дипломатияи обиро ҳамчун ҷузъи муҳими стратегии рушди устувор пеш мебарад.

Боздид аз Неругоҳи Норак бори дигар нишон дод, ки рӯзномаи об дар Тоҷикистон танҳо дар сатҳи конфронсҳо боқӣ намемонад, балки ба энергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳии экологӣ пайванди мустақим дорад.
Акс: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон
