Душанбе, 24 август, – АИ «Корвон Иттилоот». Дастаи нозирони ҷавони ҳаракати роҳ аз шаҳри Душанбе дар XXI мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 14 то 20 август дар Қазоқистон баргузор гардид, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дар мусобиқа намояндагони ҳафт кишвар ширкат намуда, дониши худро оид ба қоидаҳои ҳаракати роҳ, малакаҳои рафтори бехатар ва сатҳи омодагии касбӣ нишон доданд.

Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастаҳои Қазоқистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дастаи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе намояндагӣ кард.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, нозирони ҷавони тоҷик сатҳи баланди омодагӣ ва дониши хуби қоидаҳои ҳаракати роҳро нишон дода, дар натиҷа миёни иштирокдорони мусобиқа ҷойи аввал-ро ба даст оварданд.
Пирӯзии дастаи Тоҷикистон на танҳо натиҷаи мусобиқа, балки нишондиҳандаи самаранокии корҳои тарбиявӣ дар самти ташаккули фарҳанги рафтори бехатар дар роҳ миёни насли наврас мебошад.
Иштироки хонандагон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки донишҳои амалии худро такмил дода, бо ҳамсолони худ аз кишварҳои гуногун таҷриба мубодила кунанд ва аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракати роҳро беҳтар дарк намоянд.
Аҳамияти чунин мусобиқаҳо дар шароите бештар мегардад, ки масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таваҷҷуҳи бештар пайдо мекунад. Омодасозии нозирони ҷавон дар кӯдакон малакаҳои рафтори масъулонаро на танҳо ҳамчун пиёдагард, балки ҳамчун иштирокдорони ояндаи ҳаракати роҳ ташаккул медиҳад.

Барои Душанбе ин натиҷа ҳамчунин аҳамияти имиҷӣ дорад. Нозирони ҷавон пойтахтро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ намуда, сатҳи омодагиеро нишон доданд, ки ба Тоҷикистон имкон дод дастаҳои шаш кишвари дигарро пеш гузорад.
Ба арзёбии АИ «Корвон Иттилоот» чунин дастовардҳо ҳамзамон ба тарғиби фарҳанги бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат карда, ҳамкории байналмилалиро дар самти пешгирии садамаҳои нақлиётӣ миёни кӯдакону ҷавонон тақвият мебахшанд.
Акс: Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
