Душанбе, 24 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Варзишгари тоҷик Отабек Раҷабов дар мусобиқаҳои санъати муҳорибаҳои омехта (MMA) дар Бозиҳои Осиёии Aichi–Nagoya 2026 дар вазни Traditional MMA то 65 кг медали тиллоро соҳиб шуд. Ин дастовард натиҷаи меҳнати чандинсола, интизом ва омодагии ҳадафманд мебошад.

Ғалабаи Отабек Раҷабов муваффақияти муҳими дастаи миллӣ дар бузургтарин форуми варзишии қитъавӣ аст. Медали тиллоӣ дар санъати муҳорибаҳои омехта мавқеи Тоҷикистонро дар ҳисоби медалҳои Бозиҳо таҳким бахшида, сатҳи баланди омодагии варзишгарони тоҷикро дар намудҳои муҳориба тасдиқ менамояд.
Бозиҳои Осиёии соли 2026 аз 19 сентябр то 4 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагоя (Ҷопон) баргузор мегарданд. Ҳайати тоҷик дар намудҳои гуногун баромадҳоро идома дода, натиҷаҳои шоистаро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад.
Тиллои Отабек Раҷабов боз як далели рушди мактаби варзишии кишвар ва дастгирии давлат дар омодасозии варзишгарони сатҳи баланд аст. Дастоварди варзишгар насли ҷавонро илҳом мебахшад ва ба таблиғи санъати муҳорибаҳои омехта дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.
Отабек Раҷабов ва тамоми дастаи миллиро бо ғалабаи шоиста табрик мегӯем!
Акс: Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон
