Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентии хонандагони боистеъдодро ифтитоҳ намуд - ИА Караван Инфо
Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентии хонандагони боистеъдодро ифтитоҳ намуд

Душанбе, 12 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 11 сентябр Мактаби президентии хонандагони боистеъдодро дар ноҳияи Рашт ба истифода дод.

Ин муассисаи таълимии муосир, ки барои 800 нафар хонандаи болаёқат пешбинӣ шудааст, дар рушди низоми маорифи кишвар рӯйдоди муҳим буда, ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омад.

Мактаб дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба такмил додани муҳити таълимию тарбиявӣ мутобиқ ба меъёрҳо ва талаботи муосир бунёд гардидааст. Бинои таълимӣ аз 33 синфхонаи пурра муҷаҳҳаз иборат аст.

Синфхонаҳои компютерӣ, ки ба шабакаи Интернет пайвастанд, имкони ҷустуҷӯи адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои муосирро фароҳам меоранд. Кабинетҳои химия, биология, физика ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоту асбобҳои зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки дар азхудкунии донишҳои назариявӣ ва амалии фанҳои дақиқ нақши муҳим мебозанд.

Зерсохтори муассиса синфхонаҳои таълими меҳнат ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, кабинетҳои кории омӯзгорон, толори маҷлисӣ бо 400 ҷой, ошхонаи фарох, толори варзишӣ ва майдончаи варзиширо дар бар мегирад. Ин имкониятҳо ба хонандагон барои омӯхтани касбу ҳунар, баргузории ҷаласаву вохӯриҳо ва машғул шудан ба футбол, волейбол ва баскетбол шароити воқеӣ фароҳам меоранд.

Бо ба истифода додани Мактаби президентии хонандагони боистеъдод дар ноҳияи Рашт зиёда аз 60 нафар омӯзгор бо ҷойи корӣ таъмин гардида, музди меҳнати шоиста мегиранд. Барои хонандагони аз ноҳияҳои дигар омада ду бинои алоҳидаи хобгоҳ — барои духтарон ва писарон бунёд шудааст. Хобгоҳҳо бо шароити муосир муҷаҳҳаз буда, барои 350 нафар пешбинӣ гардидаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо масъулон ва омӯзгорони муассиса дастур дод, ки аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардашуда барои таҳкими дониш ва малакаҳои хонандагон самаранок истифода баранд ва ба тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Ба истифода додани Мактаби президентии хонандагони боистеъдод дар ноҳияи Рашт дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун саҳми муҳим дар рушди потенсиали зеҳнии насли оянда ва далели сиёсати пайгиронаи давлат дар соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон