Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд - ИА Караван Инфо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд

Душанбе, 17 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Чорабинии асосии сафар иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ мебошад. Ин минбари байналмилалӣ ба масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва густариши ҳамкории кишварҳо дар ин самт бахшида шудааст.

Иштироки Тоҷикистон дар конфронс барои муаррифии мавқеъ ва таҷрибаи кишвар дар самти ҳифзи экосистемаҳои табиӣ ва баррасии роҳҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои дигар дар ҳалли масъалаҳои экологӣ имконият фароҳам меорад.

Акс: АМИТ «Ховар».