Рӯдакӣ — рамзи бедориву худшиносии миллӣ: дар Панҷакент Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил шуд - ИА Караван Инфо
Рӯдакӣ — рамзи бедориву худшиносии миллӣ: дар Панҷакент Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил шуд

Душанбе, 24 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Панҷакент — зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ як силсила чорабиниҳои адабӣ ва фарҳангӣ баргузор шуданд.

Дар ин шаҳри таърихӣ номи шоири бузург на танҳо ҳамчун мероси адабӣ, балки ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ, хотираи таърихӣ ва арзишҳои маънавии миллат арҷгузорӣ гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» рисолати таърихию адабии Рӯдакиро на танҳо ҳамчун поягузори адабиёти тоҷик, балки ҳамчун рамзи бедориву худшиносӣ, ҷовидонии адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намудаанд.

Маҳз ин баҳои баланд ба мақом ва нақши устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рафти маросими таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент низ борҳо таъкид гардид.

Чорабиниҳо субҳи 22 сентябр бо гулгузории раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ оғоз ёфт. Сипас, иштирокдорони чорабинӣ аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи устод Рӯдакӣ боздид карданд ва барномаи асосӣ дар зодгоҳи шоир — деҳаи Панҷруд идома ёфт.

Дар маросим намояндагони аҳли адаб ва фарҳанг, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён иштирок карданд. Меҳмонон ва ҳаводорони ашъори оламгири шоир оромгоҳи ӯро зиёрат намуда, дар назди муҷассамаи Рӯдакӣ дар боғи канори рӯди Уреч ба нишони эҳтиром гул гузоштанд.

Маҳфили адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷруд баргузор гардид. Қисмати тантанавии маҳфил бо сухани табрикии раиси шаҳр оғоз шуда, баъдан барномаи ҳунарии санъаткорон пешниҳод гардид. Дар он сурудҳо бар ашъори устод Рӯдакӣ, қироати шеърҳои шоир ва рақсҳои ҷаззоб ҷой гирифтанд.

Арҷгузорӣ ба мероси шоир дар ин рӯз танҳо ба баргузории маросими идона маҳдуд нашуд. Иҷрои зиндаи ашъори Рӯдакӣ ва барномаҳои фарҳангӣ имкон доданд, ки осори классикии ӯ ҳамчун бахше аз ҳаёти фарҳангии имрӯз муаррифӣ шуда, пайванди миёни мероси таърихӣ ва тарбияи таваҷҷуҳи насли ҷавон ба адабиёти миллӣ боз ҳам устувортар гардад.

Шоми ҳамон рӯз маҳфили бузургдошти устод Рӯдакӣ дар саҳни майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Дар он меҳмонони чорабинӣ ва сокинони шаҳр иштирок доштанд. Ҳозиринро аз номи роҳбарияти шаҳр муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент Сабур Собирзода табрик гуфт. Сипас аҳли ҳунари шаҳр бо иҷрои сурудҳо бар ашъори устод Рӯдакӣ ба ҷашн ҳусни тоза бахшиданд.

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳои шаҳр низ ҷамъомадҳо ва маҳфилҳои адабию фарҳангӣ баргузор шуданд.

Панҷакент, ки деҳаи Панҷруд — зодгоҳи Рӯдакӣ — дар ҳудуди он ҷойгир аст, бори дигар ба макони пайванди суннати адабӣ, хотираи таърихӣ ва ҳаёти муосири фарҳангӣ табдил ёфт. Дар ин ҷо номи шоир ҳамчунон на танҳо рамзи мероси классикӣ, балки ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва ҳувияти фарҳангии тоҷикон боқӣ мемонад.

АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент